Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Сайф Раҳимзоди АФАРДӢ

«МЎЪҶИБ»

Ҳиҷ аз кор бознаистодам…
Мехоҳам дунёро аз нав бисозам. Дунёро мехоҳам ба завқу салиқаи худ наздик бикунам. Таҷаллии он дунё чашмони маро мебарад ва ҳушамро мерабояд… Ман ин дунёро ҳатмӣ ба худам монанд мекунам! Мебинем!
Вақтшиносам.
На, дер намемонам. Ҳатмӣ, дар ин рўзҳои наздик шурўъ мекунам бозсозии дунёро. Оғоз аз наздиконам хоҳад буд.
Бале, аз наздикони худам.
«Турфан!!!»
– Турфан!
– …
– Турфан!…
– …
Додарам беовоз фаро миёяд.
– Ака!
Ман қаноатмандам…
Бале, ман омодаам. Ҳама абзорҳоям омода аст. Мех.
Болға. Теғ. Пахтаи пизишкӣ. Чакуши чўбӣ. Дока. Шиша.
Ташт. Ва як рўшании гирди танҳо, ки моҳ воре рўи сандалӣ уфтода – шояд хобида бошад.
Нидо мекунам:
– Турфан!
Додарам фаротар миёяд.
– Ака!
Бо ишораи даст супориш мекунам, ки болои сандалӣ бишинад. Менишинад.
Агарчи ҳама чизро дорам, боз ҳам ин ҳама чизро доштан мисли ҳиҷ чиз надоштан монеи корам мешавад.
Ҳо, нагуфтам, ки худо аз ман хушбахтиро гирифтааст:
ман офаридаҳои худоро ончунон ки ҳаст, ҳиҷ натавонистам бипазирам. Як одате ёрам шуда – ҳама чизеро ки пеши рўям миёяд, ислоҳу такмил мекунам. Курсӣ ё кресло – сандалии мулоими пуштибаланди лабадори пир, ки додарамро дар он нишондам, пештар аз як курсии маъмулие беш набуд. Ман ҳоло аз ин кресло–сандалии нармрўйи гарм, ки хеле бароям матбўъ аст ва мехоҳам ҳама ҷо тасвирашро дошта бошам, ифтихор мекунам.

пешина
аз 276
навбатӣ