Шоҳроҳи истиқлол

Аз назди мазор, аз масҷид дур нашуда ҳамаашонро дарди ҷонкоҳе гиребонгир мешавад. Улавҳошон аз роҳравӣ бозмеистанд, дигар пеш намераванд. Ҳар қадар бар сари онҳо қамчин андозанд, бефоида. Улавҳо ноҷунбон, гуё аз пойҳояшон ба замин мехкўб шуда. Аз дарди ишкам корвонакиҳо ба худ мепечиданд, наъра мекашиданд, нола доштанд. Ишкам ба қоши зин мегузоштанд, тоқат карда наметавонистанд. Корвонакиҳои беҳисоб дар кўчаҳои деҳа аз роҳ бозмонда. Мардуми деҳа, куҳансолон, мўйсафедон атрофи онҳо ҷамъ омада.
– Чӣ гап шуда ба мо, бародарон, чӣ илоҷ ёбем, чӣ маслиҳат медиҳед? Ёрдам расонед, як бало кунед, мемирем, – корвонакиҳо аз мардум мадад мехостанд ва хурду калон ҳама аз дард мўи ба оташ расида барин ба худ мепечиданд, тадбир мепурсиданд, «мадад расонед, бародарон, мемурем»
мегуфтанд.
Куҳансолони деҳа, онҳое ки ба беҳурматӣ, носипосона аз назди мазори ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф гузаштани корвонакиҳоро шоҳид гашта буданд, ба онҳо сабаби ба дарди бедаво гирифтор гаштанашонро гуфтаанд, ки рўҳи эшон аз онҳо ранҷида. Корвонакиҳо, ки мусулмон, аз бародарони қалмиқҳо будаанд, амалҳои ношоистаашон ба хотирашон омада, аз роҳашон баргаштаанд, аз улавҳо пиёда шудаанд, футаҳо дар гардан, дастҳо пеши бар бо илтиҷою тазаррўъ ба масҷид даромадаанд, назди оромгоҳи ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф тавбаю тазаррўъ карда омурзиш хостаанд.
Корвонакиҳо чанд гову гўсфанд хун карда, дар дегҳо хўрок пухта худоӣ кардаанд, ба номи ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф хатми Қуръон фармудаанд. Сиҳат ёфта аз мардум – аз пайвандони ҳазрат дуо хостаанд ва як ҳамроҳашон – занеро минбаъда баҳри тозаю озода нигоҳ доштани мазор гузоштаанд. Зан ҷорўбкаши мазору масҷид. Рўзҳо то бегоҳ ў ҳамин вазифаро адо намуда, шабҳо дар кулбаҳои мардуми деҳа мехуфтааст.
Баъд ў дар деҳа хонадор – шавҳардор шуда, то охири умр дар мазор ва масҷид хизмат карда. Аз зан фарзандон ба дунё омада, фарзандон аз модари қалмиқ, аз қалмиқзан ва насле аз ў ба дунё омада дар деҳа.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё