Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Бек маъюсу ғамбор аз ҳавлии раис бадар рафт. Раис чанд муддат пешонаашро совида парешонҳол рў– рўи ҳавлӣ гашт.
Ба ин ҷо омадани Бек ҳисси ҳаяҷон ва хавотирии ўро бештар афзуд. Вай ба чӣ анҷомидани ин ҳодисаи ғамангезро хуб дарк мекард.
Шомгоҳон раис ҳамроҳи мудири мактаби деҳа ба чойхона омад. Ў ният дошт бо роҳи гуфтушунид барои як ё ду ҳафта нигоҳ доштани хукҳо розигии мардумро гирад. Аз ҷониби худ мудири мактаб низ бо ҳамин ният барои ҳамсояи раис омода шуда буд. Ҳамон рўз хушхабари дигаре, ки ба гўши раис расид, ба деҳа омадани домуллоимом буд. Аз гуфти чойхонадор домуллоимом қарибиҳои чошти рўз ба хонааш баргаштааст. Ў таи ду маҳ ба водии Вахш ба аёдати бародаронаш рафта буд. Азбаски муносибати раис бо домулло бисёр хуб буд, бовар дошт, дар ин бобат ўро дастгирӣ хоҳад кард. Бо супориши раис аз паи домуллоимом ва Бек одам фиристоданд. Ҳанўз фиристода аз саҳни чойхона берун нашуда, худи Бек вориди чойхона гардид. Вай бо овози нимшунаво салом гуфта ва нигоҳашро аз ҳозирон дуздида, наздик ба остони даромадгоҳ танҳо нишаст. Чойхонадор ба дарозии ду бари чойхона дастархон густурд. Ҳаркӣ бозёфти хўрокаи аз хона овардаашро болои дастархон гузошт. Бек низ локие, ки дар он нони зағора дошт, аз миён кушода ба пешаш паҳн намуд ва аз он як даҳанворӣ шикаста ба комаш андохт. Чойхонадор чойникҳои нимдошти ҷо – ҷо қадоқбастаро дур – дур пеши одамон гузошт ва онҳое, ки худро соҳиби ҳамин навбат медонистанд, чойхалтаҳои рангоранги хешро аз ҷайб бароварда намоишкорона ба чойникҳо чой андохтанд.
Фурсате чанд аз дар домуллоимом намоён шуд. Ў марди 45–48 солаи қоматбаланди қоқина, сафедчеҳра, риши сиёҳчатоби начандон дароз дошт. Домулло ҳанўз кафшашро дар остона накашида ҳозирон ба истиқболаш бархостанд. Пас аз салому эҳтиромро ба ҷо овардан, раис домуллоро дар паҳлўи худ ва мудири мактаб чой дод. Чун пиёлаи чой даври маърака даст ба даст мегузашт, сўҳбат низ аз ҳар бобат паҳну пареш мерафт ва миёни сўҳбат нохост чашми домулло ба Бек бархўрд. Ў аз мудири мактаб оҳиста пурсид, ки чаро Бек аз ҳама поён дар остонаи дар танҳо нишастааст. Ҳатто чойники чойеро ҳам дар дастархонаш муносиби холи ў надиданд.
– Тақсир, таи як моҳ боз вай мискин хугбония ба зима гирифтааст. Мардум аз Бек ва Бек аз мардум ҳазар доранд.

пешина
аз 276
навбатӣ