Шоҳроҳи истиқлол

Масалан, тарзи гуфтори; «аз хонаи Беки хукбон болотар…», «хугҳои Бек боғ даромаданд», «акаи хугбона раис мепурса», «имрўз бачаи Беки хугбон ба мактаб наомад», барин суханҳо дилашро фишурда ба гўшаш намефорид. Ў аз алам ва хиҷолат дам фурў баста ба рўи ҳеч кас нигоҳ намекард. Дарун – дарун худашро коҳишу маломат мекард, ки барои чӣ ба гапи занаш даромада ба ин кор розӣ шуд. Аз гандуму ҷои ваъдагии намоянда ҳанўзам бўе нест.
Дар деҳа ҳар шаб хоб дидану овоза паҳн кардан амри воқеъ шуда буд. Яке масҷидро дар ҳалқаи оташ хоб медид, дигаре сар то пои деҳаро ғарқи касофату наҷосат. Замин макруҳ ва мардум дар гуноҳи азим олуда. Хулоса, ҳар нобарорие, ки пеш меомад, онро аз «даму нафаси нопоки хукҳо»
маънидод мекарданд.
Тоқати Бек тоқ шуда як субҳ ба ҳавлии раис омад, лаби суфаи дарозрўя дузону зада кўдаквор ҳой–ҳой гирист.
«Садқаи хоки пот, дарду ғами фарзандҳота набинӣ, раис. Ай ин бало халосам кун, кўдакҳо аз мактаб монданд. Занама ай чашма об гирифтан намемонан. Ай ҷое ки дасту рў мешум, гўё об макру мешудай. Бегонаҳо он сў, фарзандҳом ба ман бад – баду ҳаросун нигаҳ мекунан. Ё чора ёб, ё худма барҳам метиям, раис».
Ғаму ташвиши раис аз дарду алами Бек зиёд буду кам не.
Ҳоло ҳарду ғамшарик буданд. Дар ҳақиқат чор рўз аз ин пеш бобои Ғулом ва Ҳофиз ба назди раис арзу дод омада буданд. Онҳо сахт таъкид карданд «Ҳафт пуштамона аз гўр хезондӣ. Дар куҷо шунидӣ, ки мачит хугхона шуда бошад.
Дар пеши ҳамсоядеҳаҳо сархаму мулзам мондем. Хугҳоро бурда ба соҳибонаш супоре. Атроф аз зикр монд», дарду ҳасрат карданд онҳо.
Раис назди Бек дастархон кушода чой дароз кард. Аммо ин лаҳза аз гулўи вай на об мегузашту на нон.
– Як ҳафта, ним ҳафтаи дигар тоқат кун, додар. Имрўз не, рўзи дигар пагоҳи мардон район мерам. Пеши райкому раиси иҷроия медаром, – боварибахшона ба гап сар кард раис. – Агар хабар дошта бошӣ, бо ҳамин мақсад чор рўз пеш район рафта будам. Арзу доди халоиқа, биллоҳи азим расондум. Ҳафтаи дигар биё, зуд чора меёбем, ваъда додан калонҳо.
– Бедард чӣ парвои дардманд дора, раис. Пагоҳ мачита бо хугҳо алов занан, ки ҷавоб мега? Онҳо?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё