Шоҳроҳи истиқлол

–Ба дуои кўрмуш борон намеборад...
–Яъне чӣ? – бо ҳайрат қадам боздошт Абдулаҳад.
–Наист, биҷунб... – гуфт ба оҳанги тамасхур ҷавон. Сипас як лабханд намуда, идома дод: – Яънеаш ин ки ў бар хилофи иддае аз махлуқони мусулмонтарош «тоҷик–ўзбак» нагуфта, баъде дасту рўй шустем, моро ба хонааш даровард. Ва либоси хунолуди ҳар дуямонро ҳам зуд ба либосҳои худаш иваз кард. Илоҳӣ дасти камондор шиканад гуфта, дастархон оваронд, нон шикаст, ба наздамон якпиёлаӣ қандчой гузошт. Аз нооромиҳо ба дарду алам қадре гап зада, бисёрҳо афсўс хўрда, тахмин ягон соат пас гуфт, ки ҳарчанд аз таҳти дил мехоҳам, ҳеҷ илоҷи шуморо пинҳон кардан надорам, рафту ба кофтуков омада, ҳам дуи шуморо пеш андохта баранд, ҳам худи ман дар балои ногаҳон монам... Одати он лаънатиҳо – банохост дар хонаи ман барин ўзбакҳо низ пайдо шуда, дарро ба девор мезананд, ки мабодо ёру ошно ё ҳамсояҳои тоҷикашонро пинҳон карда бошанд.
«Аз ман хафа нашавед, фарзандонам, – қариб гириста, гуфта буд вай он шаби наҳс. – Ҳоло ягона роҳи шумо гурехтан! Аз бероҳа, аз миёни боғот, аз байни заминҳои пахта... То метавонед, ҷойҳои мардумнишинро чап дода гузаред. Натарсед, худатонро далер бигиред, лекин эҳтиёт ҳам шавед. Пас ана... Худо хоҳад, сиҳат–саломат ба манзил мерасед. Фақат ин ки аз мани дар ин вақту соат дастам кўтоҳ наранҷед, – ман аслан ғами шуморо мехўрам».
Ҳамин тавр мегуфт он марди ўзбак, ки баъд моро дар торикӣ каме гусел карда, ба дастамон маҷбуран яктаӣ нон қапонда, ғамгин ба хонааш баргашта буд.
–Ҳарчи сиҳат мондаӣ!
Аммо ҷавон гўшашро ба карӣ зада, гуфт:
–Ниҳоят шарикам рў ба деҳаи худаш овард. Ман ҳам аз вай ҷудо шуда, рўзи дигар... қариби пешин ба хонаамон расидам. Модарам, хоҳаронам аз фоҷиа хабар ёфта, гумон мебаранд, ки маро низ куштаанд. Лекин, худат мебинӣ, то ҳол дар рўи ин замини носерам зинда гаштаам. Бе падари меҳрубон, бе бародари паҳлавон... Ва хаёлам, ки тани танҳо мондаам дар дунё.
–Чӣ, бародаратро ҳам бой додӣ? –гўё дар омади гап пурсид Абдулаҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё