Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Заминаш ҷо–ҷо лой буд, баъзан кўлмакҳои хурду калон пеш меомаданд. Вале мо ба ин эътибор намедодем. Ва дам ба дам то зону ба обу лой ғўтида, аз байни найзор бо ҳар ду даст ба худ роҳ кушода, то ҳадди имкон тезтар қадам мемондем.
Балки мегурехтем аз ҷои бало, аз макони офат... Аз дарди мо бехабар, қурбоқаҳои лаби кўл хониш доштанд; найҳои хушк шатар–шутур садо медоданд. Осмон баланд буд, пурситора буд. Чаппаву роста боди рутубатнок мевазид. Ашкам ҳеҷ қарор нагирифта, лабу даҳонамро тар мекард. Ҳар дақиқа бештар хуноба шуда, дилу ҷигарам рехта, хаёлам фақат ба марги муфоҷои падарам мерафт. Гўё одаму олам дигар вуҷуд надошт; замину осмон ҳама холӣ буданд; танҳо куштор ҳукм меронд дар макону замон, фақат марг зиндагӣ дошт... Мо ғалтидаву хеста, шушамон қариб аз даҳон ҷаста, ба зонувони ларзон, дастони харошида ва сару рўи афгор ниҳоят аз найзор берун шуда, ба як қитъа замини холӣ баромадем. Онтарафтар, дар бари роҳи мошингард, фосила ба фосила ҳавлиҳои на чандон аз ҳам дур ба назар мерасиданд.
Пешайвон ё тирезаи хонаҳояшон равшан буданд. Мо аз қитъаи замини холии пасту баланд худро ба роҳ кашида, қад–қади он ҳавлиҳо бо тарсу ларз пеш мерафтем, ки аз рўбарў нохост як ҷуфт чароғи фурўзони мошин пайдо шуд.
Аз ин боис – мабодо силоҳбадастон бошанд! –бадтар гирифтори таҳлика гардида, тозон ба наздиктарин ҳавлӣ даромадем. Ва ҳамон лаҳза як саги ало ак–ак карда, ба сўямон давид. Аз пушти вай «тур, ҷонвар, тур!» –гўён марде ба имдодамон расида, аҳволи зорамонро дида, ба ўзбакӣ пурсид, ки шумо кистед. Мурдем, аз дил гузарондам ман, садчанд ба тарс омада. Шарикам акнун даҳон кушода, чизе гуфтан мехост, ки мардак зуд рамуз бурд. Ва:
«Тез ин ҷо гузаред, аввал дасту рўятонро шўед», – гуфта, худ пеш даромада, моро то як гўшаи ҳавлӣ, то назди лўлаи об раҳнамуд шуд.
–Одами савобҷўй будааст, – гуфт Абдулаҳад, ки аз чаккаҳои ғафсаш арақ мешорид.
–Бале, ҳатто чеҳрааш далолат мекард, ки ў аз кина парваридан, ё худ тафриқа андохтан дур мегардад, – гуфт ҷавон, ба андоми вай маънидор нигариста. – Гумонам, монанди баъзе фарзанди мусулмон касифу шарир ҳам набуд.
–Худо хайрашро диҳад!

пешина
аз 276
навбатӣ