Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

–Ба чӣ сабаб?
–Сабабаш – дар деҳаи худамон ба як кас–ним кас гапамон гурехт. Оқибат дилхунук шуда, дигар дар он ҷо истода натавонистем.
–Ҳамон вақт чанд сол доштӣ?
–Тахмин дар синни ту будам. Нав донишгоҳро хатм намуда, дар мактаби деҳа муаллимӣ мекардам.
–Фаҳмо, – гуфт ҷавон ба оҳанги тамасхур.
–Эҳа... Душвор аст, додарам, пасту баланди зиндагиро даррав шинохтан, – ба назар каме ранҷида, гуфт Абдулаҳад.
–Шояд, – китф барҳам кашид ҷавон.
–Дар ин дунёи бўқаламун аз сари кас чӣ мегузарад, танҳо худаш медонад.
–Ҳақ асту рост, худаш медонаду Худо.
Онҳо аз нав сукут карда, ҳоло ба ёнаи пур аз хасу хошок рўболо мерафтанд. Шафақ акнун дар фарқи Кўҳи Бузург, ки қуллаҳои баланди нилгунаш ҷо–ҷо барфпўш буданд, бо ҳама шаҳомати худ хайма зада, ба ранги афрўхта гулханистон метофт; гарму нарм мерасид ба дидаҳо. Ва гўё домани фарохи осмонро ба дарёи моломол аз нуру зиё табдил медод. Ситораҳои муддате қабл зинда дигар ба назар наменамуданд.
Маҳтоб низ, қуташ тамоман канда, дар саҳни вусъатободи, инак, лоҷувардӣ ба сурати як доираи сафед музтар монда буд. Атроф ҳама равшан. То ҷое ки чашм мегирифт, кулли мавҷудот аз файзи субҳгоҳон баҳра мебурд – ранг бадал мекард; омода мешуд ба пешвози офтоби оламтоб...
–Сабил монад! – гуфт ногаҳон Абдулаҳад.
–Чӣ гап? – пурсид ҷавон, тасмаи автаматро ба китф андохта.
–Агар медонистам, ки ба бераҳа меравем, ҳаргиз калўш намепўшидам, – асабӣ шуда, таваққуф намуд ў. Сипас хам хўрд ва як хори ғелони ба почаи эзораш часпидаро гирифта, аз худ дур партофт. – Саросема кардӣ маро.
–Ҳеҷ саросема набудӣ, – гуфт ҷавон. – Ба ман сад суол дода, ҳамаашро сад бор аз тарозуи ақлат гузаронда, баъд пеш даромадӣ.
–Ба ҳар ҳол… ногаҳон пайдо шудӣ.
–Бале, ногаҳон буд. Лекин туро оҳиста бедор кардам.
Гуфтам, ки натарс, осуда бош.

пешина
аз 276
навбатӣ