Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

–Бале, сафед мешавад уфуқ.
–Нағз, ки ба ягон нафар рўбарў наомадем
–Ҳа нагуфта офтоб мебарояд, –гўшашро ба карӣ зад ҷавон.
–Рост, офтоб...
Дар воқеъ торикии атроф ба зудӣ пахш мешуд. Ва, инак, ситораи саҳар аз мақоми доимии худ ба назар метофт. Аз машриқ, аз фарози қуллаҳои Кўҳи Бузург, дар домани осмони бекарон як равшании ҷонбахш давида, ба анвори кавкабони парешон латма мезад. Ситораи саҳар низ лаҳза ба лаҳза хиратар мешуд. Қурси моҳ дар миёни осмон гўё ҳайрон монда, ҳоло сафедча менамуд. Ва пеши пои онҳо дигар тира набуд. Ҳар ду паҳлу ба паҳлу акнун тезтар қадам мегузоштанд, бардамтар мерафтанд, Бад–ин минвол чор– панҷ дақиқа гузашту:
–Ин тараф мегардем, –гуфт ҷавон, ба дасти чап ишора намуда.
–Роҳи калон хуб нест? – андак мутаҳайир пурсид Абдулаҳад.
–Нав худат гуфтӣ–ку: нағз шуд, ба ягон нафар рўбарў наомадем.
–Лекин рост. Дунё аз ҳар хел одам пур. Кас ҳаст, нокас ҳаст...
–Боз ин ки ба бероҳа зудтар мерасем.
–Ту ба ман чандон бовар надорӣ, а?
–Гумон мебарӣ, ё фикрат қатъӣ?
–Тахмин мезанам.
–Беасос тахминат.
–Пас онҳо дар куҷоанд, барои чӣ аниқ намегўӣ?
–Чанд бор фаҳмонам ба ту?
–Воқиан ҳам дар қариби Зағорадеҳ?
–Боз мегўям, ки ҳа, дар қариби Зағорадеҳ.
–Ин тавр бошад, ду–се талро гузарем, баъд ана... мерасем.
–Бале, аз худат гап намемонад.
–Ман охир гирду гўшаамонро нағз медонам!
–Албатта, дар ҳамин ҷо ба дунё омадаӣ.
–Не–е, ман дар дигар деҳа таваллуд ёфтаам.
–Наход?
–Мо ба хоҳиши раҳматӣ падарам бист сол муқаддам ба ин тарафҳо кўч баста будем.

пешина
аз 276
навбатӣ