Шоҳроҳи истиқлол

Миёни хомўшийи мутлақ (ў чунин пиндорад) садойи муҳаррики тайёра қабатҳойи ноаёни фазоро сўрох карда сўйи манзили умед роҳ мепаймояд ва Дастурӣ як бор саргузашт аз сар мегирад, ки анҷомаш то куҷо бошад. Инқилоби озодихоҳӣ, фирор, ғурбат, мулки бегона, дарёфти кишвари ҳамзабон, мусофирӣ, миёни ҳамзабонон ҳамдил наёфтан… ахиран сўҳбатҳойи Дайламиву Тарбият ва духтараш Гулнисо, ки дар радиойи тоҷик ҳамроҳи мардон шоҳномахонӣ мекунад.
– Рўйи дарёйи Хазарро убур мекунем!
Дили ў сахт метапад. Чунон сахт, ки аз даҳон омаданист.
Зеро ўро кӣ ва чигуна пазиройӣ мекарда бошанд?
– Ҳуҷҷатҳойи шумо?
– Ман Дастурӣ ҳастам. Эронӣ!
– Чӣ ҷур бовар кунем, ки шумо Дастурӣ ҳастед, эронӣ?
– Шиносномае дорам аз Тоҷикистон.
– Чипта, ки надоред?!
– Ман, ки ғариб будам. Ёди Ватан мекардам. Орзўям ин буд, ки Эронро бубинам, хокашро бибўсам…
– Хуб оғоҷон! Ин кор аз дасти мо намеояд. Шумо қойидаву қонунро фаромўш кардед…
Дастурӣ хун мегиряд:
– На! Ман ин ҳамаро медонам. Аммо илоҷи дигар надоштам. Агар чунин накунам, меҳри Эрон дар дилам зангор мебаст. Ман бўйи Ватанро намешунидам. Хоки Ватанро намебўсидам. Ҳамасола орзуям буд, ки Эронро бубинам.
– Шумо эронӣ нестед, оқо!
– Чиро? Ман эронӣ ҳастам!
– Агар эронӣ будед, ин ҷо мурда будед ва фирор накарда будед.
– Бале, оғоҷон! Он вақт ҷон ширин буд. Зеро ман Эронро доштам. Ин дам Эрон ширин, зеро ман аз ҷон гузар кардаам… Эрон маро ҳама чиз бувад.
– Аз дасти мо коре намеояд, оқо канор истед!
– Аз дасти кӣ меояд?
– Сарпос ҳаст.
Дастурӣ хун мегирист. Айнакаш ҳавр баста буд. Чизеро намедид. Айнак кашид аз чашм. Кўртар шуд.
– Куҷост он мусофир?
Садое омад. Дастурӣ гирён буд, ки мусофири диёри хеш аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё