Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

– Биёед отаҷон!
– Омадам, соҳиб. Инак ман аз ширинвориҳойи самарқандиёнайи шумо хоҳам чашид.
– Нўши ҷон!
– Чунон ки дарёфтам, шумо майли Боғи Баландро дидан ҳам доред?
– Агар Худо расонад…
– Пайғом (виза) шавад, меравед?
Пирамард чизе гуфта натавонист. Ашку ғамбода гулўяшро баст. Ў ба ишорайи сар тасдиқ кард…
… Тайёра то Москов парвоз кард ва пирамард ҳамроҳи зан ба тайёрайи дигар нишаста то Самарқанд омад. Чун аз дари тайёра рўйи зинаҳо баромад, ҳавойи форам ва бўйи гуворойи Самарқандро шамид. Вале бўйи карасини сўхта, ки ин бўйи гуворойи зарафшониро ғашовар мегардонд, нафоридаш. Бо вуҷуди он дароз–дароз нафас мегирифт; гўё ғанимат мегирифт.
– Ман аҳд карда будам, ки поям ба хоки Самарқанд расад, намози шукрона гузорам…
Нахуст ҳарисона ва носер ба ҳар тараф дида мечаронд; нафас кашида, сари сина медамонд; медид ҳамаро дигаргуна.
Саҷҷода густурд рўйи хок ва пешонӣ ба замин зад.
Ва дер истод. Сар рўйи пушти дастон ноҷунбон буд.
Ҳамсараш омада ҷунбон–ҷунбон кард. Нимрў афтид. Оби даҳон саҷҷодаро тар карда буд.

МЕҲРИ ВАТАН

Тайрайи мусофиркаш аз Лейпсики Олмон сўйи Эрон парвоз дошт. Танҳо як нафар хешро ноҷўру нороҳат эҳсос мекард. Аммо дар дилаш умеду орзу меҷўшид. Дигарон ба гўйишҳойи микрофонийи роҳбалад, оҳангҳойи шўху ҷаззоб гўш диҳанд, наҳору обу қаҳва хўранд, бо ҳамроҳи паҳлў ё пасу пеш сўҳбат кунанд, ў дар худ ва андар курсӣ фурў рафта буд.
Гумонаш ҳама ба ў менигаристанд ё ҳарфашро мегуфтанд. Аз ин рў торафт фурўтар мерафт, то набинандаш. Аммо касе намедонист, ки ў кист ва чаро ин ранг нишаста? Дигарон китобе, маҷаллае, рўзномае мехонанд ё аз тирезайи гирда оламро тамошо доранд, вале ин марди солдидайи гандумгун ва миёнақомати арбўсиёҳ, ки ба чашмон айнаки сиёҳ низ гузоштааст, ба ягон чиз эътибор намедиҳад, ҳатто ҳалқаш хушк гашта, дилаш тапида–тапида то гулў ояд ҳам ҳалқашро тар кардан намехоҳад, ки мабод об дар гулўяш дар монда, сурфааш омада диққати бисёриҳоро ба худ гардонад.

пешина
аз 276
навбатӣ