Шоҳроҳи истиқлол

Дилтанг шуд ва хеста ба халоҷо рафт ва аз он тараф дастони тарашро бо рўмолча поккунон омад ва дар баробари онҳо рост истод:
– Аввал ин ки салони тайёра, толори маҷлиси ҳизбӣ нест.
Баъд, аз ғами халқ гўё, ки месўзед, вале халқеро, ки дар ин салон нишастааст, ба қадри як пашша писанд намекунед.
Яъне, худбин ҳастед. Худбинҳо мансабдўст мешаванд ва таърих садҳо маротиба дидааст, ки мансабдўстон то ба мансаб расидан ҷон мекоҳонанд, ки «мо хидматгори халқем». Ба курсии мансаб, ки нишастанд, як рўз пас чунон рафтор мекунанд, ки «халқ хидматгори мост». Ва ниҳоят, халқро хезондед. Рост, халқ хест. Аз ин хестан чӣ манфиат дид?
Мирвафо:
– Манфиаташро дертар мебинӣ!
Мусофир:
– Ҳозир дида истодаем. Одами аросоте кору борашро партофта, шабу рўз гап мезанаду гап мехўрад. Заминаш кишт накарда, молу ҳолаш ҳайдав. Якдигарро паст мезанад, таҳқир мекунад, нифоқ меандозад.
Мирвафо:
– Мубориза оши ҳарифонахўрӣ нест!
Мусофир:
– Гўш доред. Шаҳр ба маҳалҳо ҷудо шудааст, вакилон гурўҳбозӣ мекунанд, органҳои бехатарӣ худро бетараф эълон кардаанд, аммо дар асл тарафдори гузаре ҳастанд.
Ҳукумат фалаҷ, ҳар мансабдор ё силоҳдор ба чизе, ки дасташ расад, тороҷ мекунад, на зовуд монд, на фабрик, на идора монд, на мошин, на кон монд, на анбор, на зироат монд, на чорво. Шумо ин ҷо ба гирифтани остонаи Шўрои Олӣ машғул, он тараф ҳама чизро ба мошину қатораю тайёра бор карда бурданд, ҳеҷ чиз намонд. Аз кадом манфиати халқ ҷор мезанед шумо?
Мирвафо:
– Ту ва ту баринҳо моро ба ҳамин рўзҳо расонидед!
Мирризо ва Мирбақо низ гуфтаниҳое дар дил доранд, вале мунтазиранд, ки кай вай суханашро тамом мекунад, то инҳо ҷавоб бигўянд. Муҳофизон гўшҳо чур ва бо эҳтимол тайёр истодаанд.
Мусофир:
– Не, шумо по ба пои Шаҳри Шаҳрҳо дароз кардаед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё