Шоҳроҳи истиқлол

Дар рўзҳои гарм, ҷои хилвате ёфта, бо ҷорўб ҷунбандагони баданашро мерўфт. Имрўз Шумо ҳар ҳафта як бор ҳаммом меравед ва куртаи нав мепўшед. Як андоза кунед беҳбудашро!
Мирвафо:
– Барои ин гап садта набардорӣ гуноҳ мешавад.
Қадаҳҳоро пур карда бардоштанд.
Мирбақо қадаҳ бардошт, вале нанўшид:
– Ҳарчӣ гўед, гуфтан гиред. ман ба такрор мегўям, ки мардум қашшоқ буд ва қашшоқ монд. Фарқаш ҳамин ки пеш бо ҷуфти гов мекориданду ҳосилашро медоданд, ҳоло бо трактор мекоранду ҳосилашро медиҳанд. Дигар фарқ надорад. Лекин мардум тоқат мекунанд. Иззати нафс надоранд мардум. Рўҳи солим нест.
Мирвафо:
– Касе гўяд ки мардум иззати нафс надорад, ё рўҳаш солим нест, бо ҳамин дастам даҳонашро медаронам!!!
Мирбақо хомўш монд. Дигарҳо низ як муддат лаб накушоданд. Риштаи сўҳбат канда шуд, ба дастархон ҳам касе даст набурд. Муҳофизон даст ба пистолет молида, тасмаи миёнашонро боло бардоштанд. Хомўшӣ ба рўҳи ҳамаашон фишор меовард. Ҳатто ранги рўяшон андаке коҳид.
Мирризо:
– Ин фарзия нав нест, умуман дар ҷаҳони сиёсат чизи нав нест. Ҳамааш кўҳна. Муҳимаш гуфторро бо кирдор собит кардан аст. Душвории кор дар ҳамин нукта.
Мирбақо:
– Кўҳнаҳо дар дигар ҷоҳо нав шуданд, вале кўҳнаи мо билкул навшавӣ надорад.
Мирвафо:
– Навбати мо ҳам расид. Нав мекунем кўҳнаро. Ҳукумат, сиёсат…
Ва суханашро давом доданӣ буд, вале калимаи даркорӣ наёфт ва бо даст ҳаворо рўфт:
– Барои ҳамин ба мубориза бархостем!
Мирризо:
– Як тартиби нави зиндагӣ даркор. Кирои талош ва ҷаҳду ҷадал дорад. Халқ хестааст. Ин бисёр муҳим аст, ки халқ хестааст.
Мусофири паҳлў чашм аз рўзнома намеканд, вале ба гўшаш пайваста садои онҳо медаромад ва оқибат ин «варсоқихонии мастона» ба дилаш зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё