Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

– Хоҳар ҳақорат кард?
– Агар хоҳар мегуфт, мўям хам намехўрд.
– Чӣ гуфт?
– Зан гуфт…
– Барои ҳамин задӣ?
– Ба номус даст зад, чӣ хел назанам?
Саттор аз фоҷиаи ба сараш омада, ба худ меларзид.
Хурду калони деҳа ба ў дасти мадад мерасониданд. Ҳатто душмани рақами якаш Нўъмон бо писараш Қамар ба сари оташ «об» мезаданду «об» мезаданд». «Гуноҳ – гуноҳи худам будааст, акнун фаҳмидам», – ба худ мегуфт Саттор. Пеши пош зону мезанам. Хоки пояшро мебўсам…
– О, дар хоки потон садқа, ҷунбед, як зўри дигар, – мегуфт бобои Қурбон, ба ҷавонҳои ба обу арақ тар.
– Ҳомид куҷо гум шуд? – суол кард Хол.
– Телфонкунӣ рафта буд, – гуфт Қурбон.
– Баъде ки ҳама сўхт, «пажарник» ба кӣ даркор? – гуфт Қаландари бўчка.
– Бе «заключении пажарник» намешавад, – гуфт бобои Қурбон.
– Баъде ки ҳама сўхт «заключении» онҳо ба кӣ даркор?
– «Госстрах бе заключени» пул намедиҳад.
– Вақти ҳамин гап аст? – ба мусоҳибон дандон тез кард бобои Қурбон, баъди он ки аз ҷои обзадаи Нўъмон оташ аланга зад. «Ин чӣ бало буд? Об занӣ оташ мехезад-е?»
– Иқболаш, ки гашт, об бензин мешавад, – гуфт Нўъмон.
Ва ба писараш Қамар сатилҳои холиро дод.
– Чӣ истодаӣ? Об тамом шуд? Ё тавба.
– Як сатилворӣ таги бочка мондааст, ки онро ҳам очам надод.
– Барои чӣ?
– «Барои пешдаргиронӣ даркор мешавад» гуфт очам, – бо овози паст гўшакӣ кард Қамар.
– Аз ҳавз об бикаш, ним сатил бас! Боз сатилҳоята пур – пур накунӣ.
Зани Саттор ба обу арақ тар, худро ба чор тараф мезад.
– Вой хонам сўхт…
– Худатро ба даст гир, – ҳамдардӣ мекард ҳамсояи дасти рост Сайлӣ. Шавҳари Сайлиро барои авбошӣ ҳабс карда буданд. Бечораи Сайлӣ бо чор бачаи шўх бесаробон монд.
«Аз ў саг баракат намедид, ба ҳар ҳол сояи сари бачаҳом буд», – мегуфт Сайлӣ бо ҳасрат дар ҳақи шавҳараш пеши ҳамсояҳо.

пешина
аз 276
навбатӣ