Шоҳроҳи истиқлол

– Тамошо…
– Нарав, мон бисўзад. Дар қудратат ҷонам. Парвардигор, дар шаб оташ надодед, ки хокистараш ба бод мехест. Бобои ин дар бачагиаш хориам дода буд. Оҳи дил карда будам. Худо, дер ҳам бошад касеро бе ҷазо намемонад.
– Момаи ҷон, мон ки биравам. Боз фардо нагўянд диду наёмад?
– Мон, бигўянд. Нарав!
– Сатила биёр! – овоз рўшан кард Нўъмон. Ҳама ба рўи ў бо ҳайрат нигаристанд. Ҳатто девонаи Ҷамолро тааҷҷуб зад.
Нўъмон дар ҳақи Саттори ҷабрдида кай гапи хуб мезад.
Дасту гиребонгирии онҳо афсонаи замон шуда буд. Нўъмон якуним сол сабақ гирифта баромад. Аммо дар ин қазия саҳми Нўъмон кам набуд. «Чӣ даҳонат воз истодаӣ? Ова биёр..» Ба писараш Қамар чашмакӣ зад. Чашмакии ўро касе надид ба ҷуз ман. Қамар ду сатил об овард. Аз хонаашон Нўъмон обро ба ҷои ҳанўз оташ нагирифта пошид.
– Ба рўи оташ назадӣ? – эрод гирифт Қобил.
– Оташ ба сари об намедавад, атрофро безарар кардан даркор, – гуфт Нўъмон.
Аммо оташ ба ҷои обзадаи ў доман паҳн кард, гўё об не, рўған пошида бошад. «Худо ин рўза ба сари душмани одам наорад», лоф мезад Нўъмон.
– Душман дар чунин рўз набояд номардӣ кунад, – мегуфт ба мардуми ҳайрон бобои Хол ишора ба Нўъмон карда.
– Ҷавонмард ана ҳамин хел мешавад, – гуфт бобои Қурбон.
– Дилаш оина будааст, – гуфт Қаландари бўчка.
– Ёд доред дастугиребоншона? – пурсид Убайди шофир.
– Чӣ хел ёд надорам? Ин хел корҳо фаромўш намешавад,
– гуфт Қаландари бўчка, ки оби овардаи ҷавононро аз дасташон гирифта, болои оташ мепошид.
Рўзи мурофиа байни Нўъмону Судя чунин саволу ҷавоб шуда буд, ки он дар баҳру бар достон шуд.
– Чаро ба сари ў мушт бардоштӣ?
– Ҳақорати қабеҳ кард.
– Ба суд муроҷиат мекардӣ?
– Худро дошта натавонистам.
– Оча ҳақорат кард?
– Кошки оча ҳақорат мекард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо