Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Мансури СУРУШ
ПОЁНИ АФСОНА

Ёрун–ёрун,
Шумо аҷа6 ёрунед!
Ёр мебуравад.
Чибаш намегардунед?
Аз халқ

Толори интизории фурудгоҳ пур аз одам буд ва орухонаи нороҳатшударо мемонд. Дари калони шишагӣ қариб, ки беист кушодаю пўшида мешуд ва якҷоя бо навомадагон ҳавои хунуки барфолуд ҳам вориди бино мегашт.
Мусофирон, гуселкунандагон ва пешвозгирандагон ҳама якдигарро танг карда болои хараку ҷомадону тугунчаҳо менишастанд, анбўҳ шуда роҳравҳоро банд карда меистоданд.
Дар назди бюрои ахбор мардуми зиёд навбат мепоид. Шабонарўзи дуюм буд, ки ба сабаби бад будани ҳаво фурудгоҳро баста буданд.
Ман аз паси тиреза навмедона ба майдони пурвусъат, ки барф пушида буд, менигаристам. Аз миёни барфу борон дар хати парвоз тарҳи тайёраҳо, ки парандагони аз хунукӣ шахшударо мемонистанд, аранг–аранг ба назар мерасид. Шамол нўлаи ҳазини дароз мекашид.
Эҳтимол бар асари ин холати яъсовар аз умқи хотироти ман манзараи дигаре рў мезанад ва ман бехабар аз худ хаёлан ба дуродур, ба деҳае воқеъ дар доманаи кўҳҳои cap ба осмон кашида, ки бачагиам он ҷо гузаштааст, парвоз мекунам.
...Пагоҳии рўзи зимистон ман аз овози гулдуросе, ки аз шафати бухории чўянии кунҷи хона ба гўш мерасад, бедор мешавам. Чашм во мекунам ва мебинам, ки падарам дар бағал ҳезум овардааст. Аз даҳонаш ҳавл мебарояд, телпаку нимпўстинаш барфолуд, гўё нав аз осиё баргаштааст.
Модарам алов мегиронад, тарошаҳо қасару қусуркунон месўзанд ва бухорӣ ғуввоси кашишнок мебарорад. Хона зуд гарм мешавад. Ҳоло таътил, пас хоҷати шитобидан нест ва ман метавонам боз чанде дар ҷойгаҳи хоб бароҳат бошам.
Вале кунун хобидан ба дилам мезанад ва ман оҳиста ба рўи ҳавлӣ мебароям.

пешина
аз 276
навбатӣ