Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аммо чизе ки вай «баъди панҷ дақиқа меорам гуфта буд ба кампири Осуда дар ягон роғу лоу чоки девору сутун набуд. Ангор зани бадгумонаш ҷодуеро пешбинӣ карда, онҳоро як-як чида бо худ бурда буд.
Миракро ғам гирифту мотам. «О, ман мўи сари ўро дар ин бевақтӣ аз кучо меёбам? Баъд занак ба кӣ иҷозат медиҳад, ки чанд тор мўи сарашро бикананд ё бибуранд?!»
Коре муҳолу малолу вубол буд, ки Мирак аз оҷизиву забунӣ омад рўи намадпораи суфаи айвон нишаст. Ин дам бузи гуруснаи оғил баос зад. Мирак осема сари по шуд. «Буз?
Мўй? Чи фарқ дорад мўи бузи ман ё мўи зулфи зан! Кампири
Осуда, ки тафриқа намедиҳад?»
Мирак чокуро аз ғилофи миёнаш берун кашиду ба сўи оғил давид.


Мирак дар хонаи холӣ хоби роҳат надошт, аз ин рў шабҳо рўи суфаи айвон мехобид. Вале ҳоло ба хона кўч баста буд, ғалақаи дарро низ андохта буд, чароки имшаб кампири Осуда ҷоду мекард ва худо медонист, чӣ пеш меояд.
Нимашаб дари хонаро сахт бо қаҳру дағдаға кўфтанд.
Мирак ҳаросон аз хоб бедор шуд, гўш дод, дарро чунон мезаданд, ки ангор касе онро шикаста андарун омадан мехост.
– А! – хитобид Мирак, – ба ин занак ҷодуи кампири Осуда чунон асар карда, ки вай пойлучу сарлуч тозон омадааст ва ҳоло чун девона дарро задан дорад!
Мирак аз ғояти лаззату шавқ ҳамон буд, ки бехуд шавад, парида аз ҷойхоб хест ва худро дар зум пеши дар гирифт, ғалақаро бардошт ва дарро боз кард. Дарро боз карду ду гом ба қафо ҷаст.
Пушти дар занро не бузро дид.
Бузе ки чашмонаш девонавор барқ мезаданд.

пешина
аз 276
навбатӣ