Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Модар дар ин ҳолатҳо аз ноилоҷӣ шикоятҳои беасоси шавҳари бадхашмашро тасдиқ мекард. Вале дар танҳоӣ худро барои беҷуръатӣ, ки он аз тарси дубора бева гаштану бадном шудан сар мезад, маломат менамуд. Писараки аз ин дарду алам бехабар дар симои модар бадбинашро медид ва дилаш аз одаму олам мемонд.
Дар пушти тирезаи хона барф меборид. Табиати тозакор барои доғдор нашудан палосҳои пештар партофтаашро аз нав ҷилпўш мекард. Дарахтон ҳам аз болои такпўши рангаш барфӣ боз пироҳани сафед мепўшиданд. Шўшаҳои найзамонанди лаби бомҳо низ аз ҳисоби чарби сафеди навпайдо, наёмдор мешуданд. Ҳавои берун сард буд, вале бадани писарак аз таъсири зарбаи суханҳои сард ва бори таънаву маломат дар хонаи гарм ҳам меларзид. Тунбоди зимистони сабилмонда нолаи гургони пур аз хашму ғазабро мемонд. Ба болои сармои сахт асари ҷанги шаҳрвандӣ зам шуда, бисёр оилаҳоро ба азобу машаққати сахти рўзгор ва камбизоатӣ гирифтор карда буд.
Аҳли хонадони онҳо низ аз дарди камбағалӣ асабонию пургў шуда, бо либоси баданашон соз намегирифтанд. Дар чунин мавридҳо падарандар пайкони кинаву нафраташро, ки ҳамсар тоби диданашро надошт, сўи Нодир меафканд. Модар сипару ҷавшани муҳаббаташро вонамуд накарда, бо баҳонаи анҷоми коре ин сўву он сў рафта, дами роҳи пайкони фиристодаи шавҳари бераҳмашро мебаст. Вале дар хилват барои ҳушдор шудани фарзандаш таъкид мекард: «Наход падарат зинда бошаду ту дар хонаи падарандар рўз ба сар бубарӣ. Мардбачаи ҳақиқӣ бори зиндагии худро бардошта, онро ба дўши дигаре намеафканад…»
Нодир бозии зери ин пардаро ҳам нафаҳмида, ба нақши офаридаи модараш, ки дар кинааш осори меҳру дар меҳраш нишони кина дошт, баҳо дода наметавонист. Намедонист, ки бо ин роҳ он муштипар заҳри дарду алами косаи дилашро ба ҷоми пур аз шарбати беғамии шавҳари худхоҳаш мерезад.
Модар қиссаи бо амакаш вохўрдани писарашро намедонист ва гумон мекард, ки Нодир аз қисмати гузашта бехабар аст. Аввалҳо сирри ятим набудани Нодирро пинҳон мекард ва аз боби кӣ ва чикора будани қиблагоҳи асосии писараш лаб намекушод. Мехост, ки Нодир падар доштанашро надонад. Вале дар ду соли охир, хусусан дар ҳамин фасли дарозу дилгири сармо лангари суханро дуртар партофта, номи шавҳари аввалаашро озод ба забон мегирифт ва ишора мекард, ки « Мардбачча бояд худаш роҳи ҳаёти минбаъдаро биёбад.

пешина
аз 276
навбатӣ