Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Писарак ҳангоми танҳо ба пушта рафтан дар ҳалқаи шўрандозони хаёл, ки дили касро аз зиндагӣ сард мекарданд, афтода, роҳи аз ин варта раҳиданро меҷуст. Онҳо ўро ба чоҳи ноумедӣ тела дода, дар танҳоии ваҳмовар аз боби дунёбезорӣ қисса мегуфтанд. Баъди шунидани қисса ҳатман аз дил мегузаронд: «Чаро ба дунё омад? Оё аз зиндаҷудоиву надидани рўи осудагӣ ба олам наомадан беҳтар набуд? Чаро падару модар хотири ўро надида, зуд аз ҳамдигар ҷудо шуданд? Кӣ сабабгори хати талоқ шуда бошад? Ва ба ҳамин маънӣ мизроби дигар суолҳо ба тори асабаш нохун зада, гунгеро соҳиби забони гўё мекарданд.
Таъсири дарду ғами зиндагӣ ва ҷабру зулми солҳои охир доираи андешаҳои писаракро торафт фарох мекард. Баъди рух додани ҳар вазъияти нохуб ё дашному таънае писарак худро ба қаъри баҳри андешаҳо зада, дурри маънии суханҳои пардапўшонаро ҷустуҷў мекард ва аз ёфтаҳо хулосаҳои мантиқан дуруст мебаровард. Он чӣ ки дар доираи фаҳмаш намегунҷид, мисли бори гароне тори нозуки асбашро ба ҳолати ёзидан меовард. Вале аз бими таҳдиди волидон ҷуръат намекард, ки хабари ин ҳолати зиндадаргўриро ба дигарон расонад. Агар мерасонд, асрори оилавӣ ошкор ва теъдоди бадбинонаш зиёд мешуд. Ноилоҷ домани сабрро гирифта, намегузошт, ки хомўшиаш оҳанги фарёд бигирад ва мисли какб аз фарёди ноҷо бимирад.
Писарак фурсати холӣ надошт. Аз саҳар то бегоҳ чунбуҷўл мекард, ҳезум мешикаст, аз пушта хасу хор мекашонд, аз чашма об меовард, оғилҳоро мерўфт, ба чорпо ва муроғон хўрок медод. Аз меъёр зиёд кор ҳам ки мекард, «ландаҳур»– аш гуфта, номи аслиашро қариб ба забон намегирифтанд.
Танҳо аз паси дарвоза ва пушти девори хона: «Нодир, ҳо Нодир» гуфтани ҳамсоягону хешовандони ба меҳмонӣ омада ва фарёди баланди « биё ба мактаб равем, дер шуд»– и ҳамдарсонашро мешунид ва лаҳзае аз ном доштанаш ифтихор мекард. Лақаби «ландаҳур»–ро ҳам падарандар ба ў дода буд. Он марди зиштрўй ҳатто дур шудани захираи хонаро ба тўл кашидани фасли сармо не, ба бепарвофалакии ў часпонда, дар ҳар нишасту хез гўшрас менамуд : « аз дасти ин шумқадами дарди сар ва ландаҳури исрофгар ҳама захира буд шуд. Коҳу алафро аз меъёр зиёд дод. Ба мурғон донро арзонӣ дошт, хонаи ҳезумро сўхт» ва дуо мекард, ки : «илоҳӣ дасти ин «саховатманд» шиканад, хасеро аз ҷо бардошта натавонад ».

пешина
аз 276
навбатӣ