Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ин маънии рамузфаҳмӣ ва аз ҳамдигар фарқ кардани неку бад буд. Аз ин миён соҳибашро, ки чеҳраи гандумгун ва чашмони фурўнишаста дошт, дар сад намуди либос бехато мешинохт. Зеро соҳибаш дар соати муайян обу донаш медод. Гоҳо хўроки дўстдоштааш– мошу гиёҳи шири харак ёфта меовард. Вобаста ба тағйирёбии обу ҳаво қафасашро ин сўву он сў бурда, аз таъсири офтоби сўзону кора сардии борон ҳифзаш мекард.
Кабк бо вуҷуди ҳама сардию тангии қафас ва маҳрумӣ аз гардишу парвози озодона, аз дидани дидори соҳиби наваш ҳаловат бурда, беқарор мегашт. Баробари пайдо шудани ў ба химчаҳо бисёртар нўл зада, мехост онҳоро шиканад ва роҳе ёфта, ба китфи соҳибаш нишинад. Гоҳо бозикунон болотар ҷаҳида, сарашро ба шифти гунбазмонанди қафас мерасонд ва ба ин васила садоқаташро изҳор мекард.
Аслан соҳибаш аз ҷаҳони мурғпарварон фарсахҳо дур буд, ба ин шуғл на рағбат дошту на фурсат. Ҳатто дар кадомин гўшаи шаҳр ҷойгир будани бозори кабкону қафасфурўшонро намедонист. Фаррошзани идора он марди раҳмдилро мурғпарвар ва муқими олами бераҳмон кард. Ба ў кабкеро, ки аз беътибории фарзандонаш лоғару бемадор гашта буд, тақдим намуд.
Гумон мекардӣ, ки умри ин мурғак ҳамин дам ва ё чанд лаҳза пас ба охир мерасад. Агар бимирад, бори зоминӣ ба гардани қабулкарда меафтад. Вале ғубори хотири ихлосманде шудан аз бори зоминӣ ҳам гаронтар аст. Фаррошзан ба ў эҳтирому эътиқоди махсус дошт, ўро аз ҷигарбандонаш кам намедонист.Ҳамчун сипосгузор пешниҳоди он модари меҳрубонро рад карда натавонист.
« Дар хона як қафаси зебо дорам, хоҳӣ меорам»,– гуфтани сардори хоҷагии коргоҳ низ масъалаи ёфтану харидани қафасро аз байн бурд. Фикри поси намак соҳиби кабкро водор кард, ки хўрдагириро раво надида, сухани бемантиқи сардори хоҷагиро дар хилвати худ шарҳ диҳад. «Қафас тилоӣ ҳам бошад, қафас аст, ҳимоятгари ҷабру зулм аст, ифодагари бераҳмист, маънии аз озодӣ маҳрум карданро дорад, ҳаргиз лоиқи ситоиш нест, зебо ҳам шуда наметавонад»...
Рўзи дигар бо дили нохоҳам кабкро дар қафас ҷо кард.
Қафас аз химчаи пўстканда ва тахтаи тунук устокорона сохта шуда буд. Андозаи сурохиҳояш ҳам якхела, ҷои кўтоҳу дароз ё андак фарох надошт. Қуттичаҳои обу донхўрӣ ва ҷои сар бароварданаш низ ҳаҷман баробар ва ба ҳам монанд буданд.

пешина
аз 276
навбатӣ