Шоҳроҳи истиқлол

Муҳамад ҒОИБ
ДУНЁИ ҚАФАСӢ
Ноумедӣ орзуи деринаи аз қафас озод шудану дар замин гардиш ва дар фазои кушод парвоз кардани кабкро барбод дод. Акнун мехост, ки қисмати пешина такрор шавад. Аз нав ба тухм табдил ёбаду вуҷуд доштани дунёи равшани қафасмонандро надонад. Аммо, чӣ кунад ки роҳи тақдир бебозгашт аст.
Гармии меҳри модар тухмро– қафаси нахустинашро об ва мушкилоти ба олами ҳастӣ омаданашро осон кард. Меболид чўҷаи бехабар аз озодии муваққатӣ. Хоҳарчааш ҳам бо имдоди модар аз маҳбасча озод шуд. Модар шиками чўҷаҳояшро сер карда, ба нарина ва модинааш дарси зиракиву парвоз омўхт.
Онҳо мустақил шуда, вобаста ба ивазшавии фаслҳо кўч бастанд ва аз ҷои сард ба ҷои гарм рафтанд. Дар нимаи роҳ монеаи эҷодкардаи инсони худбин ба сарашон бало овард.
Ҷойҳои нишасти пешинаро наёфта, аз болои дарёи паҳн бар гузашта натавонистанд. Тепачаҳо дар зери оби дарёи дамбаста монда буданд. Модару хоҳар ва ҳамҷинсонаш аз беқудратӣ ба баҳри нави нопайдоканор афтода, бенишон гардиданд. Ў худро бо ҷонканӣ ба рўи заврақе партофта, сари танҳо монд. Қатори ҳамҷинсон мемурд, беҳтар буд. Заврақдорон сайди муфтро дида, аз шодӣ дар курта нагунҷиданд. Онро ба хона оварда, муддате аз рўи ҳавову ҳавас обу дон дода, дигар ғамашро нахўрданд. Кабк аз беэътибории онҳо гоҳ ранҷи гушнагӣ мекашиду гоҳо азоби ташнагӣ. Соҳибхоназан бепарвоии фарзандонашро дида, тақдири кабкро ба писархондаш ҳавола кард. Дар хонаи нав ҳоли мурғак андак беҳ шуд, вале ин ҳам ба муроди дилаш набуд. Шаҳд дар комаш заҳр мегашт. Ҳар дона дар гулўяш тирро мемонд. Саҳрои кушоди хушкро аз қафаси пур аз дон авлотар медонист. Агар панҷаи сахти қафасшикан медошт, чўбчаҳо ва тахтаи ба он васлшударо шикаста, берун мебаромад ва аз бом ба бом, аз дарахт ба дарахт парида, худро дар ҷои чашмпаноҳ мегирифт.
Панҷаи қафасшикан ки надошт, ночор аз пушти хоначаи саропо чашмакдори дар баландӣ ҷойгир, ба атроф нигоҳ мекард. Ҳар қадами гузошта ва ҳар бори аз ҷо бардошта, ба чӣ кор машғул будани хурду бузурги хонавода ва касони ба ҳавлӣ воридшавандаро медид. Дидани дидорҳои шиносу ношинос ба ин мурғаки беозор таъсири гуногун мекард ва ҳар хел қанотак мезад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо