АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Бо мақсади пешгирӣ ё маҳдуд намудани паҳншавии ин касалиҳо ҳам чораҳои фитосанитарӣ, агротехникӣ ва химиявиро ба кор мебаранд.
Ба чораҳои фитосанитарӣ тадбирҳои зерин мансубанд:
- таъмини изолятсияи фазоии (на камтар аз 500 м) қитъаҳои картошкаи тухмӣ аз кишти истеъмолӣ (ё умумӣ) ва дигар авранҷгулон, аз ҷойҳои зимистонгузаронӣ ё афзоишёбии ширинчаҳо (гармхонаҳо, боқу полиз, қитъаҳои обчакории аҳолӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва ғ.);
- аз майдони кишти тухмӣ сари вақт дур кардани бехҳои касали картошка ва ҳосили онҳо;
- роҳ надодан ба афзоишу инкишофи алафҳои бегона (онҳо низ серчашмаи сироят шуданашон мумкин аст);
- ҷудо гузаронидани кишти навъҳои гуногуни картошка, алалхусус навъҳои толерантӣ, ки сирояти онҳо аз баъзе вирусҳо зоҳир намегардад, вале хатари паҳншавии касалиро ҳама вақт нигоҳ медоранд;
- риояи киштгардони дуруст (дар қитъаҳое, ки соли пеш картошкаю авранҷгулони дигар парвариш ёфта буданд, нагузаронидани кишти картошка);
- кишти картошка дар як қитъаи замин як бор дар муддати 3- 4 сол.
Чорабиниҳои агротехникӣ пеш аз ҳама чораҳои зеринро дар назар доранд, ғизодиҳии мукамали растаниҳо аз нуриҳои минералӣ. Нуриҳои органикӣ, хокистар ва меъёри баландтари нуриҳои калийдору фосфорӣ ва нисбатан миқдори ками нуриҳои нитрогенӣ устувории растаниҳои майдони картошкаи тухмиро ба сироят баланд мегардонад. Миқдори ғизои зиёди яктарафаи нуриҳои нитрогенӣ боиси баландшавии нитрати таркиби лўндаҳо ва бадшавии сифатҳои нигоҳдории тухмӣ мегардад. Чорабиниҳои муҳофизатӣ бо заҳрҳои кимёвӣ барои нобуд сохтани паҳнкунандагони вирусҳо дар қитъаҳои тухмӣ ҳангоми кишт ё ҷўякбарорӣ ба замин рехтани кронетон (10 фоиза, 50 кг/га) тавсия карда мешавад. Баъди 10-15 рўзи пайдоиши саросари растаниҳо коркарди химиявии растаниҳоро бо истифодаи препаратҳои зерин гузаронидан мумкин аст; кронетон (к.э. 50 фоиз, 1 л/га), БИ-58 (к.э. 40 фоиз, 2-2,5 л/га), нурел-де (к.э.40 фоиза, 1 л/га, децис (к.э. 25 фоиза, 05 л/га), рипкорд (к.э. 40 фоиза, 0,3 л/га), симбуш (к.э. 25 фоиз, 0,5 л/га), киперкил (к.э. 25 фоиз, 0,5 л/га), киткор (к.э. 25 фоиз , 0,5 л/га), шерпа (к.э. 25 фоиза, 0,5 л/га). Сарфи моеъи корӣ- 200-400 л/га. Ҳангоми аз нав пайдо шудани ширинчаҳо коркардро ҳар ду ҳафта такрор намудан лозим аст, вале 20-30 рўз пеш аз ҳосилғундорӣ бояд коркарди киштзорро бо заҳрҳои химиявӣ қатъ намуд. Ғунучин ва нигоҳдории картошкаи тухмӣ. Баргу пояи киштзори картошкаи тухмиро 12-15 рўз пеш аз чидани ҳосил ё дастӣ, ё ин ки бо ёрии алафдаравакҳо (КИР-1,5), ё ин ки бо ёрии моддаҳои химиявӣ (хлорати магнй 25-30 кг/га) нобуд месозанд. Чидани ҳосили лўндаҳо дастӣ, ё ин ки бо ёрии ҳайвонҳои корӣ, ё ин ки бо картошкачинак ба ҷо оварда мешавад. Дар минтақаи кўҳистон чидани ҳосилро хуб мешуд, ки дар моҳи октябрь гузаронанд. Пеш аз ба анборхона рехтани лўндаҳои тухмӣ онҳоро дар зери офтоб як ё ду рўз нигоҳ дошта, баъд ба анборхона рехтан зарур аст.
Дар анборхона баъди 20-25 рўз (баъди давраи табобатӣ) лўндаҳоро аз нав аз даст гузаронида, дар контейнерҳо, дар болои тахтаҳои махсус ё ин ки дар болои фарши анборхона бо қабати ҷойгиршавии лўндаҳо 0,7-1 метр рехтан, нигоҳ доштан лозим аст. Ҳарорати хуби нигоҳдории лўндаҳо +2–+4 °C ба шумор меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё