Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Боби 8. ЗАРАРРАСОНҲОИ КАРТОШКА

Гамбуси колорадӣ (Leptinotarsa desemlineata). Яке аз ҳашаротҳои хавфноки картошка ба шумор рафта, асосан баргҳои картошкаро хўрда, ба ҳосили он зарари калон мерасонад. Дар сурати зиёд гаштани гамбус дар киштзор ҳосили картошка қариб 60-70 фоиз ва аз ин ҳам зиёд несту нобуд мегардад.
Ин ҳашароти зараррасони картошка ҳоло дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳури зиёд шуда, ба киштзори картошка зарари калон мерасонад.
Гамбуси болиғ дар хок дар чуқурии 70-100 см зимистонро мегузаронад. Дар охирҳои моҳҳои март ва аввали апрел вақти ҳарорати хок ба 12–16 °C гармӣ расидан, қунғуз аз зимистонгузаронӣ мебарояд (Кахаров, 2008). Барои фавран нест сохтани ин зараррасон аввали баҳор гузаронидани кишти «фиребдиҳанда» дар майдони 0,15- 0,20 га бо истифодаи майсаҳои сабзидаи картошка аҳамияти калон дорад. Барои ин майсаҳои сабзидаро аз лундаҳои картошка ҷудо намуда, пеш аз 15-20 рўзи кишти асосии картошка дар замин шинондан лозим аст.
Қунғўзҳои аз зери хок, ки аввали баҳор ба берун мебароянд гурўсна буда, ба баргу танаи майсаҳо хело тез ҷамъ мегарданд, ки онҳоро аз он ҷой бо осонӣ ҷамъ оварда, набуд сохтан осон мебошад.
Инчунин дар киштзорҳои картошка низ сари вақт бо роҳи дастӣ чида нест кардани қунғузу кирминаи ин ҳашарот тавсия карда мешавад. Дар вақти аз ҳад зиёд шудани миқдори онҳо (5-8 адад дар 1 м2) барои нест намудани ҳашарот аз истифодаи заҳрҳои химиявӣ ба монанди нурелл-де, десис, фюре ба миқдори 15-20 грам дар як сотих киштзор тавсия дода мешавад. Инчунин гузаронидани яхобмонӣ дар тирамоҳ барои нобуд сохтани гамбус кўмаки калон мерасонад.
Кирми тирамоҳӣ (Agriotis segetum). Ба картошказор бештар кирми тирамоҳӣ, ки пояи ниҳолҳои ҷавонро дар фасли баҳор бурида хушк месозад, зарари калон мерасонад. Ин кирм лундаҳои картошкаро низ хўрда, сифати онҳоро паст мегардонад. Ба муқобили ин зараррасони хавфнок пеш аз ҳама чораҳои агротехникии мубориза, ба монанди киштгардон, яхобмонии қитъаҳои кишт дар фаслҳои тирамоҳу зимистон, нигоҳ доштани намнокии мўътадили хок (65-85 фоиз) ва сари вақт гузаронидани коркарди байни қаторҳо тавсия карда мешавад.

пешина
аз 99
навбатӣ