АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Дар чунин ҳолатҳо барои муайян намудани сирояти пинҳонии картошкаи тухмӣ ва дур сохтани бехҳои касал аз усулҳои ташхиси серологӣ, иммуноферментӣ, растаниҳои индикаторӣ, гибридизацияи пептидӣ ва ғайра истифода мебаранд. Аломатҳои касалиҳои ВВМ доимӣ нестанд ва ба штамм ("намуд")-и барангезанда, хусусиятҳои навъи картошка, шароити парвариши растаниҳо, шароити нигоҳдории тухмӣ ва аз омилҳои дигар вобастаанд. Дараҷаи зоҳиршавии касалиҳо ҳангоми нарасидани элементҳои ғизоӣ, нокифоягии намнокии хоку ҳаво, ҳарорати номусоиди давраи парвариши картошка, шароити нодурусти нигоҳдории лўндаҳои тухмӣ метавонад пурзўр гардонад. Дар аксар вақтҳо дар натиҷаи гирифтор гаштани растаниҳо ба касалии столбур ранги баргҳои нуқтаи сабзиши ниҳолҳо сурхчаи бунвш гашта, онҳо ба дарун қатъ мегарданд. Аммо дар натиҷаи гирифтори касалии вирусии тобхўрии баргҳои картошка бошад, ранги баргҳо тағир намеёбад.
Тадбирҳои муҳофизати картошка аз касалиҳои вирусӣ, вироидӣ ва микоплазмӣ (ВВМ).
Картошка, алалхусус киштзори тухмии онро дар тамоми давраҳои инкишоф аз касалиҳои ВВМ муҳофизат кардан лозим аст. Эҳтимолияти сироятёбии растаниҳо дар ҳама ҷо вуҷуд дорад, зеро онҳо дар алоқамандии зич бо омилҳои муҳити атроф ва мавҷудоти зиндаи он нашъунамо менамоянд. Воситаи муҳимтарини муборизаи зидди касалиҳои ВВМ, мисли мубориза ба сирояти микроорганизмҳои дигар,- ин ба вуҷуд овардан ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани навъҳои тобовар мебошад. Офаридани навъҳои нисбати ҳама касалиҳо устувор (тобоварии комплексидошта) ба селексионерон то ҳол муяссар нашудааст, вале навъҳое мавҷуданд, ки ба сирояти якчанд барангезандагон устуворанд, яъне тобоварии гурҷҳӣ доранд. Азбаски қариб ҳамаи вирусҳо ва вироиди готика ба наслҳои нашвии картошка мегузаранд ва зарари онҳо дар репродуксияҳои минбаъдаи ин зироат торафт қувват мегирад, барои кишт истифода намудани маводи тухмии солим мақсаднок аст. Нахусттухмии солими картошкаро тавассути интихоби клонҳо (ҳосили бехҳои солим) ва усулҳои биотехнологӣ (термотерапия, химиотерапия, парвариши бофтаи меристемӣ) ба даст меоранд. Клонҳоро дар асоси муоинаи визуалӣ дар майдон муайян карда, сипас солимии онҳоро (аз сирояти пинҳонӣ) қадри имкон бо дигар усулҳо месанҷанд (серологӣ, растаниҳои индикаторӣ, индексатсияи лўндаҳо, иммуноферментӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё