Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Баъзан тамоми лаъличаи барг ва пояи растанӣ яклухт хушк мешаванд. Ин аломатҳо бештар аз сирояти вирусҳои У, L ва микоплазмози столбур ба вуҷуд меоянд (Каримов, 1975).
Пажмурдашавӣ, ки дар натиҷаи аз заррачаҳои касалиовар сахт сироят ёфтани решаҳо ва рагҳои гузаронандаи растаниҳо ба вуҷуд меояд, бештар дар натиҷаи сирояти растаниҳо аз микоплазмаи столбур ва вилт мушоҳида мешавад. Сустшавии инкишофи растанӣ ва лундаҳо, ки дар паканашаклӣ ва соддашавии баргҳо, пайдоиши лўндаҳои бағалии баргҳо (лўндачаҳои ҳавои"), душаклӣ ва баднамо гардидани лўндаҳо ифода меёбад. Ин аломати хоси микоплазмозҳо ("ҷорўби аҷина", столбур) ва касалии вироидии готика мебошанд. Ришташаклии нешакҳои лўндаҳо,( ё ин ки дар деҳот деҳқонон ин касалиро «наракшавӣ» - и лўндаҳо мегўянд), ки баҳорон дар давраи нешзании лундаҳо (сабзиши майса) онҳо мушоҳида мегардад. Ин аломат асосан ба сирояти растаниҳо аз микоплазмози столбур ва баъзан ба вируси печидашавии баргҳо алоқаманд аст. Тадқиқотҳои гузаронидаи мо нишон доданд, ки ҳангоми аз якчанд барангезандаҳо сироят ёфтани растаниҳои картошка онҳо ба касалиҳои аломатҳояшон мураккаби вирусию вироидӣ низ гирифтор мешаванд. Дар ин ҳол дар зоҳири растаниҳо аломатҳои ду-се касалӣ ба назар мерасанд ва ин боиси хеле паст шудани ҳосилнокӣ мегардад. Касалиҳои аломатҳояшон мураккаб бештар дар водӣ мушоҳида мешаванд, ки ба сирояти омехтаи вирусҳо ва вироидҳо алоқаманд аст.
Дар лўндаҳои гирфитори касалии риштамонад шуда, дар вақти нигоҳдорӣ дар анборхона аввали баҳор дар майсаҳои борик лӯндачаҳои хурд пайдо гарданд. Дар майсаи лўндаи
Дар растаниҳои картошка гирифтори касалии столбур
инчунин сирояти пинҳонӣ метавонад лўндачаҳои хурд
пайдо гарданд, навъи Пикассо
(беаломат, латентӣ)-и
заррачаҳои касалиовар мушоҳида
мегардад. Дар ин ҳол аломатҳои
касалӣ инкишоф намеёбанд (пинҳон мемонанд) ё ба дараҷаи паст
зоҳир мегарданду бо осонӣ фарқ карда намешаванд. Сирояти пинҳонӣ дар шароитҳои салқини кўҳию доманакўҳӣ ва хоки серғизо, алалхусус баландтар будани меъёри нуриҳои нитрогенӣ ба чашм мушоҳида намегардад.

пешина
аз 99
навбатӣ