АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Роҳи механикии гузаштани ин вирусҳо мушоҳида нашудааст. Микоплазмозҳои картошка (столбур ва "ҷорўби аҷина"- «ведьмина веник») низ ба ин гурўҳ мансубанд (онҳоро чирчиракҳо мегузаронанд). Вирусҳои контактию векторӣ. Ба ин гурўҳ вирусҳое дохиланд, ки ҳам бо ёрии гузаронанда (вектор)- ҳои гуногун (ҳашарот, лўндакирмҳо ва ғ.), ҳам бо роҳи контактӣ (баҳамрасии механикӣ), паҳн мегарданд. Инҳо вирусҳои У, А, М, F, R (раттл), вируси мозаикаи себарга (ВМС) мебошанд.
Вироидҳои дукшаклии лўндаҳо ҳам аз растанӣ ба растанӣ мегузаранд.
Вирусҳои контактӣ. Ба ин гурўҳ вирусҳои X, S, вируси нақшофари тамоку (ВНТ) мансубанд, ки бештар дар натиҷаи баҳамрасии баргу поя ва решаҳои растаниҳо мегузаранд. Тамоми тағйироти аз сирояти ВВМ дар зоҳири растаниҳо ва лўндаҳои картошка пайдошударо ба шаклҳои зерин дохил кардан мумкин аст.
Мозаика (ҳаррангӣ, нақшгирӣ) - дигар шудани ранги муқаррарии сабзи узвҳои растанӣ:
пайдоиши доғҳои сафедчатоб, зардчатоб ё зарди баргҳо. Ин аломатҳо ба касалиҳое хосанд, ки вирусҳои X, S,
У, А, М, F, R ба вуҷуд меоранд. Ин ҳодиса ба вайрон шудани хлорофилли баргҳо ва захирашавии пигментҳои зард алоқаманд аст.
Хлороз (зоҳирӣ) - ба дараҷаи гуногун зардшавии баргҳо.
Баъзан дар лаъличаи баргҳо пигменти антотсианӣ (норинҷӣ) низ пайдо мешавад. Ин аломатҳо ба касалиҳое, ки вируси печидашавии баргҳо, вируси паканагии зард, вироиди дукшаклии лўндаҳо ва микоплазмаҳо ба вуҷуд меоранд, мансубанд.
Тағирёбии шакли баргҳо – чиндоршавӣ, ҷингилашаклӣ, печидашавӣ, тобхўрӣ, қаиқшаклӣ, мавҷнокии канори баргҳо ва ғайраҳо. Некроз - нобудшавии бофтаи баргҳо, поя ва лўндаҳо, ки дар шакли доғҳо, рахҳо, ҳалқаҳо зоҳир мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё