АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Ба қитъаҳои кишт ба қадри даркорӣ расонидани нуриҳои калийдор. Ҷамъоварӣ намудани ҳосил дар вақти ҳавои хушк, шамолдиҳӣ ва хушконидани лўндаҳо пеш аз рехтан ба ҷои нигоҳдорӣ.
Нешзанонии лўндаҳои тухмӣ, дур намудани лўндаҳои осебдор ва безараркунии асбобу анҷомҳои картошкашинонӣ бо маҳлули 1 фоизаи купороси мис.
7.3. Касалиҳои вирусӣ, вироидӣ ва микоплазмӣ Вирусҳо, вироидҳо ва микоплазмаҳо гурўҳи махсуси барангезандаи касалиҳои сирояткунандаи картошка буда, дар табиат васеъ паҳн гардидаанд, бар хилофи занбўруғу бактерияҳо сохти ғайриҳуҷайрагӣ ва андозаи ниҳоят хурд доранд, паразитҳои дохилиҳуҷайравӣ мебошанд. Аксарияти онҳо дар лўндаҳои картошка нигоҳ дошта мешаванд ва бо маводи тухмӣ аз насл ба насл мегузаранд (Каримов, 1973; Зыкин, 1976; Писарев и др., 1976; Салимов, 2007).
Дар лўндаҳои тухмӣ захирашавӣ ва дар репродуксияҳои минбаъдаи нашвӣ (вегетативӣ)-ии ин зироат торафт бештар зоҳиршавии аломатҳои ин касалиҳо сабаби асосии тақирёбӣ ё ин ки вайроншавии сифатҳои тухмии (инқирози) картошка мегардад. Ин иллати картошка дар халалёбии фаъолияти мўътадили ҳаётӣ ва сустшавии инкишофи растаниҳо, бармаҳал қатъ гардидани нумўи онҳо, камшавии ҳосил ва бадшавии сифатҳои он зуҳур меёбад. Вайроншавии нишонаҳои наслии картошкаро касалиҳои вазнини печидашавии баргҳо (барангезанда- вируси L), нақшҳои рах-рах ва чиндории нақшини баргҳо (вируси У ва сирояти якҷояи он бо вирусҳои дигари нақшовар), готика (вироиди дугшаклии лўндаҳои картошка- ВДЛК) ва столбур (касалии микоплазмагӣ) метезонанд.
Паҳншавии касалиҳои вирус, вироидӣ ва микоплазмагӣ (ВВМ) дар шароитҳои саҳроӣ бо роҳҳои гуногун амалӣ мегардад. Аз рўи афзалияти роҳҳои паҳнгардӣ ин касалиҳои картошкаро ба се гурўҳ муттаҳид мекунанд. Вирусҳои облигатии энтомофилӣ, онҳо баъди муддати муайян дар организми ҳашарот (асосан гемолимфаи ширинчаҳо ва чирчиракҳо) афзоиш ёфтан растаниҳои дигарро сироятдор мекунанд. Ба ин гурўҳ вируси печидашавии баргҳо (ВПД) ва вируси паканагии зард (ВПЗ) мансубанд. ВПД-ро ширинчаҳо, ВПЗ-ро чирчиракҳо паҳн мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё