АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Касалӣ аз растанӣ ба растанӣ намегузарад. Дар айни замон аз поя, лўнда ва зарфу анҷомҳои сироятнок ба лўндаҳои солим гузаштани касалӣ муқаррар гардидааст. Дар ин ҳол пўсиши чуқурчашакл инкишоф меёбад.
Пўсиши тари бактериявии лўндаҳо (Ervina corotovora) Ин касалӣ яке аз касалиҳои хавфноки давраи нигоҳдории картошка ба ҳисоб меравад. Ҳангоми шароити мусоиди авҷёбӣ (ҳарорати 21–26 °C ва намнокии баланд) метавонад то 30-50 фоизи ҳосилро нобуд созад. Ба он лўндаҳои аз кишварҳои дур овардашуда ё бо технологияи нодуруст ҷамъоварӣ намудани лўндаҳо, ки захми бисёр мебардоранд, инчунин лўндаҳое, ки аз дигар касалиҳо ва зараррасонҳо осёб дидаанд бештар гирифтор мешаванд. Зимни ба ин касалӣ гирифтор шудан мағзи лўндаҳо ба қисми мулоими ниммоеъ табдил ёфта, буйи ғализ мегиранд.
Пўсиши тар аввал ранги сафедтоб, баъдтар тираи хокистарӣ мегирад. Пўсиши тари лўндаҳо баъзан дар киштзор ҳам ба амал меояд ва зимни ҳосилғундорӣ ба чашм мерасад. Дар ин ҳол лўндаҳое вомехўранд, ки зоҳиран солим метобанд (алалхусус лўндаҳои калон) ва вазнин мебошанд. Лекин ҳангоми андаке пахш кардани чунин лўндаҳо онҳо мекафанд ва моеи ғализи онҳо хориҷ мегардад. Ин касалӣ хосияти тез сирояткунӣ дорад ва агар шароитҳо барои инкишофи он қулай бошанд дар муддати кўтоҳ (10-15 рўз) лўндаҳои дигар лўндаҳои наздикро нобуд месозад.
Қабати картошкаи рехта дар анборхонаҳо дар чунин ҳолатҳо мешинад, дар он чуқурча ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа зарурати аз лўндаҳои пўсида тоза кардан ва шамол додани анборхонаҳо ба миён меояд, ки онро ба тезӣ иҷро намудан лозим аст.
Чораҳои муборизаи зидди касалиҳои бактериявӣ Безараркунии лўндаҳои тухмӣ бо маҳлули обии купороси миси 0,1фоиза, суспензияи 5-6 фоизаи ТМТД ё дигар заҳрихимикатҳо. Риояи киштгардон, ба низоми оптималии нигоҳдории лўндаҳо (ҳарорати 2-40 , намнокии нисбии 85-90 фоизаи ҳаво; шамолдиҳии анборхонаҳо). Аз киштзор дур кардани растаниҳои касал ва ҳосили онҳо (ба ин мақсад киштзорро ҳар сари чанд ваҳт аз назар мегузаронанд). Дар вақти гузаронидани кишт аз лўндаҳои солим истифода бурдан. Барои муайян намудани сироят аз ташхиси серологӣ ва иммуноферментӣ низ исти-фода мебаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё