АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Меъёри сарфи маҳлулҳои корӣ - 400-500 л/га мебошад. Миқдори коркарди майдонҳо метавонад 3-5 маротиба бошад. Риояи киштгардон шарти асосӣ дар тухмипарварӣ ба шумор меравад. Инчунин дар тирамоҳу зимистон ба заминҳо яхбонӣ метавонад бисёр каслиҳои занбурўғӣ ва зараррасонҳоро кам гардонад.
7.2. Касалиҳои бактериявӣ Сиёҳпоя (Чёрная ножка) (Pectobacterium Phitiphtorum). Ин касалӣ зери ҳавои салқину боришоти давомнок бештар инкишоф меёбад ва зарари зиёдтар мерасонад. Вай бештар аз лўндаҳои тухмии сироятдор ибтидо гирифта, бо воситаи рагҳои гузаронанда ба тамоми узвҳои растанӣ паҳн мегардад. Сирояти лўндаҳо аз ин касалӣ дар нимаи дуюми давраи нашъу намои растаниҳо зоҳир мегардад; бактерияҳо ба лўндаҳо аз навдаҳои лўндаовар мегузаранд. Дар ҷои ба навда пайвастшавии лўнда моддаи беранг, зарди равшан ё тира пайдо мешавад, ки ҳангоми бо ангушт пахш кардан хориҷ мегардад. Он ҷой одатан мулоим (тар) аст ва барои ҳамин ҳам сиёҳпояи лўндаҳоро пўсиши тар ё мулоим меноманд. Сирояти лўндаҳо баъзан ноаён мемонад. Агар ин гуна лўндаҳо ба сифати тухмӣ истифода шаванд, сарчашмаи сироят ва паҳншавии касалӣ мегарданд. Луоби касалӣ дар давраи ҳосилқундорӣ ва нигоҳдорӣ ҳам сарчашмаи сирояти лўндаҳо ва пўсиши онҳо мегардад.
Пўсиши ҳалқашакл (Corynebacterium seredonicum Skapt. et.
Burkh.)
Касалӣ барг, поя, навдаҳои лўндаовар ва лўндаҳоро сироят мекунад. Барои он се шакли зуҳурот хос аст: а) пажмурдашавии растаниҳо дар майдон; б) пўсиши ҳалқашакли лўндаҳо; в) пўсиши чуқурчагии лўндаҳо. Сарчашмаи асосии сироят лўндаҳои касал мебошанд. Бактерияҳои барангезандаи касалӣ аз лўндаҳои тухмии сироятдор бо воситаи рагҳои гузаранда ба пояҳо гузашта, тадриҷан боиси пажмурдашавии баргу пояҳо мегарданд.
Дар буриши кундалангии пояҳои касал тирарангии рагҳои гузаронанда аён мешавад. Аломатҳои касалӣ дар нимаи дуюми давраи нашъунамои картошка зоҳир мегарданд. Лўндаҳои тухмии сирояташон сахт дар хок мепўсанд. Аз баъзеи онҳо растаниҳои инкишофашон суст ё пакана мерўянд, ки ҳосил набаста нобуд мегарданд. Авҷи касалӣ дар майдони кишт дар давраи ҳарорати 17-250 ҳаво мушоҳида мешавад. Барангезандаи ин касалӣ дар хок нигоҳ дошта намешавад, вале дар боқимондаҳои растаниҳо то пўсиши пурраи онҳо қобилияти ҳаётии худро нигоҳ медорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё