Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Касалӣ метавонад растаниро дар тамоми давраи нашъунамош сироят намояд, вале дар давраи гулкунӣ бештар зоҳир мегардад.
Аввал баргҳои болоӣ кушодранг мегарданд, канори онҳо тобиши антотсианӣ гирифта, ба боло тоб мехўранд. Сипас онҳо пажмурда ва хушк мешаванд (зимни пажмурдашавии вертитсилезӣ нобудшавии баргҳо аз поён оғоз меёбад). Дар буриши пояи касал тирарангии рагҳо намудор мегардад.
Лўндаҳои сироятёфта мисли пўсиши хушк аз тарафи столонии лўнда (ҷои ба столон пайвастшавӣ) мепўсанд.
Саратон (рак) - и картошка(Synchytrin endobioticum Pers.
Ин касалии карантинӣ буда, лўндаҳо, столон (мевареша) ва баъзан баргу пояи растаниро низ сироят менамояд. Ин касалӣ ба намуди пайдо гаштани ғуррӣ (ҷоғар) дар лўндаҳо ва меварешаҳои растаниҳо намудор гашта, ҳосили ниҳолҳоро нобуд ва тамоман бозорногузар мегардонад. Ҷоғар асосан дар назди чашмакҳои лўнда пайдо мегардад. Аввал онҳо сафедчатоб буда, баъдтар ранги сиёҳчаро мегаранд. Шакли ин ҷоғарҳо ба меваи капусти гулдор монанд аст. Хушбахтона ин касалӣ дар саҳроҳои мамлакатамон ҳоло дучор нашудааст.
Чораҳои мубориза бар зидди касалиҳои занбурўғӣ.
Сарчашмаҳои сирояти касалиҳои занбурўғӣ асосан лўндаҳои касал ва партовҳои анборхонаҳо ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин пасмондаҳои анборхонаҳоро бо оҳаки хлордори 4 фоиза ё бо маҳлули 5 фоизаи купороси мис ё маҳлули 3-5 фоизаи хлорати магний безарар гардонида даар чуқурии 1 м мегўронанд. Ҷои нигоҳдории лўндаҳо ва зарфҳоро бо маҳлули 2-3 фоизаи купороси мису оҳакоб ё формалин (як ҳисса формалини 36-40фоиза ба чил ҳисса об) безарар менамоянд (меъёри сарфи онҳо 25-30 мл-м3.
Парвариши навъҳои ба касалиҳои занбурўғӣ тавсия дода мешавад.
Инчунин дар кишт истифода бурдани лўндаҳои солим, пешакӣ неш занонидани онҳо зарур аст. Пеш аз кишт бо маҳлули 0,02 фоизаи купороси мис, маҳлули 0,4 фоизаи формалини 40 фоиза, суспензияи 3-5 фоизаи ТМТД (тетраметилтиурам-дисулфид)-и
80 фоиз ё дигар фунгитсидҳо коркард намудани тухмиҳо аҳамияти калон дорад. Коркарди химиявии майдонҳои кишт бо фунгитсидҳо маҳлули бордосии 1 фоиза (4,5-5 кг/га аз рўи купороси мис), хлорокиси миси 90 фоиза (2,4 кг), арсериди 60 фоиза (2,5 -3 кг), витаксиди 70 фоиза (2,1-2,4 кг), оксихоми 80 фоизаи (1,9-2,1 кг), полихоми 80 фоиза (2,4-3,2 кг), ридополихоми 60 фоиза (3 кг/га).

пешина
аз 99
навбатӣ