АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Пўсиши хушк ё фузариозии лўндаҳо (Fusarium Link.).
Касалӣ дар лўндаҳо асосан дар ҷойҳои нигоҳдорӣ, баъди 2-3 моҳи ҷамъоварӣ айён мегардад. Аввал дар лўндаҳо доғҳои тира (хокистарранг)-и каме паҳшуда ба вуҷуд меоянд, пўсти онҳо каме чиндор мешавад. Мағзи лўнда дар зери доғҳо мулоим, хушк ва тираранг мегардад. Баъдтар дар ҷойҳои холии лўндаҳо танаи занбўруғ ба вуҷуд меояд. Вай сафед, зардчатоб, сурхчатоб ё тира буда, ба тибит шабоҳат дорад. Дар давраҳои аввали касалӣ дар ҷои буриши чунин лўндаҳо моеъи бўйноки сафедча хориҷ мешавад.
Занбўруғ дар бофтаҳои лўндаҳо тез паҳн гардида, онҳоро вайрон мекунад. Бофтаи касал тадриҷан қариб тамоман сиёҳ ва лўндаҳо сабук мешаванд. Дар хушкӣ лўндаҳои пажмурда хеле сахт мегарданд ва онҳоро корд бо осонӣ намебурад.
Барангезандаи ин касалӣ дар хок нигоҳ дошта мешавад.
Сирояти лўндаҳо аз хоку лои сироятдор, ки ба ҷои нигоҳдорӣ дохил гардидаанд ё спора ои дар ин ҷойҳо мавҷудбуда, ибтидо мегирад.
Қутураки тугмашакл ё ин ки Ооспариоз (Oospora pustulans Owen et Wakefield).
Ин касалӣ асосан лўндаҳои картошкаро дар замин захмин сохта, нишонаҳои он бошад дар вақти нигоҳдории лўндаҳо дар анборхона айён мегарданд. Нишонаҳои асосии ин касалӣ ҳарҷо - ҳарҷо варамгаштаи пўсти лўндаҳои картошка мебошад, ки онҳо андозаи онҳо ба 1-3 мм мерасад ва ранги бури сиёҳоб доранд. Дар охир лўндаҳо доғдор гашта, хушк ва пучалла мегарданд.
Конидияҳои занбурўғ сатҳи лўндаро пурра иҳота намуда, ранги сафедчаи хирраро мегиранд.
Пажмурдашавии вертисилёзӣ (Verticilium albo-atrum Rein.
Et Berth.)
Аломатҳои аввалини касалӣ дар давраи гулкунии картошка зоҳир гардида, аз баргҳои поёнӣ оғоз меёбад, канори онҳо ранги зард мегирад, дар баргҳо доғои хокистарранги равшани бо ранги зард иҳоташуда ба вуҷуд меоянд, баргҳои сироятдор пажмурда мешаванд Касалӣ тадриҷан тамоми растаниро фаро мегирад, вай пажмурда ва билохира хушк мегардад.
Пажмурдашавии фузариозӣ (Fusarium oxysporum Sch.) Аз ин касалӣ баргу поя, реша ва лўндаҳо зарар мебинанд. Бар хилофи пажмурдашавии вертитсилезӣ ҷарани он тезу тунд буда, дар давоми якчанд рўз растаниро ба нобудшавӣ мерасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё