Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар лўндаҳо ризоктониоз дар шакли захмҳои ҷигарию сиёҳтоби шаклу андозаашон гуногун, ки склеротсияи қалбакӣ номида мешаванд, зоҳир мегарданд.
Зуҳуроти бештар паҳншудаи ризоктониози лўндаҳо- ин некрози тўршакли сатҳии онҳо мебошад. Вай аз захмҳои ҷигарӣ ва сиёҳ, ки ҳангоми 0,5-3 см будани диаметри лўндаҳои ҷавон пайдо мешаванд. Ин занбурўғ дар лўндаҳои тухмӣ ва хок нигоҳ дошта мешавад.
Захми муқаррарӣ ва захми хокадори лўндаҳои картошка (қўтурак-парша) (Streptomyscabiesces Warks. et Henr.).
Аз касалӣ бештар лўндаҳо, қисми поёнии поя ва решаҳои картошка сироят меёбанд. Сироятёбии лўндаҳо аз аввали пайдоишашон сар шуда, 10-30 рўз давом мекунад. Касалӣ дар тамоми давраи сабзиши растаниҳо инкишоф меёбад. Дар сатҳи лўндаҳо захмҳои ҷигарӣ ба вуҷуд меоянд, ки аксар вақт равшани барҷаста, баъзан ҳамвор, тўрдор ё андаке пахшшуда мешаванд.
Андозаи онҳо то ба 1-3 см мерасад. Ҳангоми сирояти сахт захмҳо ба ҳамдигар расида, сифати молии лўндаро бад месозанд.
Сифатҳои истеъмолию тухмии лўндаҳо паст гашта, дар онҳо миқдори оҳар, моддаҳои хушк, сафедаҳо, аминокислотаҳо ва витаминҳо кам мегардад. Касалӣ дар хок мемонад, аз тухмии касал минбаъд лўндаҳои захмашон зиёдтар ташаккул меёбанд.
Қутураки резаи картошка (порошистая парша) (Spongospora subterranea Wallr.) Дар натиҷаи ин касалӣ дар лўндаҳои картошка аввал доғҳои ҷастаи ҷигарӣ пайдо гашта, баъдан онҳо якҷоя гашта, тамоми болои лўндаро иҳота менамоянд. Занбурўғ инчунин реша ва меварешаро (столонро) низ захмдор намуда, ба намуди тукмачаҳо дар он ҷо пайдо мегардад. Ин тугмачаҳо аввал сафедчатоб буда, баъдан сиёҳчатоб гашта, аз реша ҷудо мегарданд.
Қутураки нуқрагин (серебристая парша) (Helminthosporium solani Dur.et Mont.) Ин занбурўғ нисбат ба дигар намудҳои қутуракҳо оддитар буда, фақат лўндаҳоро захмдор менамояд. Дар пўсти лўндаҳо доғҳои нуқрагин (сафедчатоб) пайдо гашта, шакли нодурустро мегиранд. Бофтаи захмдор каме пахш шуда, бо доғҳои сиёҳи сафедча пўшида мебошад. Ранги занбурўғ ордакмонанд аст.

пешина
аз 99
навбатӣ