АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Баъди қадди растаниҳо 15-20 см расидан ҳар як растаниро аз назар мегузаронанд (ин кор дар давраҳои гулкунӣ ва пеш аз ҷамъоварии ҳосили растаниҳо низ такрор мешавад).
Ҳосил (лўндаҳо)-и ҳар як растании клони соли якум дар як қатор (ҷўяк) як клон ҳисобида мешавад. Ҳангоми ба назар расидани ҳатто як растании касал тамоми бехҳои клонро нест мекунанд; бехҳоро бо ҳосилашон канда мепартоянд. Ҳосили ҳар як клони интихобшударо барои санҷиши соли дўюм ба зарф ё халтаи алоҳида гирифта нигоҳ медоранд (ба омехташавии лўндаҳои клонҳо қатъиян роҳ набояд дод). Дар ниҳолхонаи санҷиши клонҳои соли дуюм лўндаҳои ҳар як клонро дар қитъачаҳои ду ё чорқатора мешинонанд. Ба клонҳо низ рақам гузошта, онро дар дафтар қайд мекунанд. Мўҳлатҳои аз назар гузаронидани растаниҳо ва нест кардани клонҳои касал мисли қитъаи клонҳои соли якум гузаронида мешавад. Ҳосили лўндаҳои соли дуюмро барои афзоиши минбаъда якҷоя карда нигоҳ медоранд. Вай барои рўёнидани супер-суперэлита истифода мегардад. Баҳорон, 20 рўз пеш аз кишт, лўндаҳоро бодиққат аз назар мегузаронанд, лўндаҳои касалро ҷудо карда дур месозанд.
Лўндаҳои тухмиро аз рўи зичии 68-70 ҳазор дар 1 га мешинонанд.
Дар давраи нашъунамо ниҳолҳоро се маротиба аз назар гузаронида, растаниҳои аз касалиҳо (вирўсӣ, бактериявӣ, занбўруғӣ) сироятёфта ва навъҳои дигар (омехта)-ро аз канда мепартоянд. Ин чорабиниҳоро ҳангоми 10-15 см будани қадди ниҳолҳо, дар давраи гулкунӣ ва пеш аз хушкшавии пояи растаниҳо мегузоранд. Зимни иҷрои ин корҳо санад (акт) тарбиб дода, натиҷаи мушоҳидаю несткунии растаниҳои касалро дар дафтари махсуси «супер-суперэлита», «суперэлита» ё ин ки «элита» қайд менамоняд. Дар ниҳолхонаи супер-суперэлита ва суперэлита ду ҳафта пеш аз ҳосилғундорӣ баргу пояи растаниҳоро нобуд месозанд, онро дарав мекунанд, ба растаниҳо десикант мепошанд ё усули омехтаро истифода мебаранд. Истифодаи десикантҳо афзалиятнок аст, чунки дар ин ҳол моддаҳои ғизоӣ аз баргу поя дар лўндаҳо зазира мегарданд, ки ин боиси зиёдшавии ҳосил ва беҳтаршавии сифати он мегардад. Бо ин мақсад реглон (1 кг/га) ё хлорати магнийро ба кор мебаранд (25-30 кг дар 1 га); маҳлули истифодашаванда 700 – 800 литр дар 1 га. Лўндаҳои суперэлита соли оянда барои рўёнидани элита истифода мегарданд. Элитаи картошка бояд дорои сифатҳои хуби тухмӣ бошад ва минбаъд, зимни рўёнидани тухмии репродуксионӣ, ҳосилнокии баландро таъмин намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё