Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

6.2. Парвариши тухмии элитавӣ

Тухмии элитаи картошка хусусиятҳои биологӣ, хоҷагӣ ва аломатҳои морфологии ин ё он навъро дар бар мегирад. Киштзор ва лўндаҳои элитаи картошка бояд тозагии навъии 100 фоизаро дошта бошанд. Лўндаҳои тухмии элитавӣ бояд солим, бенуқсон, аз рўи шаклу ранг ба ҳамин навъ мувофиқ буда, вазни лўндаҳо бояд 30-70 граммро ташкил намояд. Тухмии элитавиро мутахассисаҳои институтҳои тадқиқотӣ-илмӣ, донишгоҳҳои олии кишоварзӣ ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ мерўёнанд.
Он аз интихоби клонҳо, яъне бехҳои солим, ки минбаъд алоҳидаалоҳида шинонида мешаванд ва таҳти мушоҳидаю баҳодиҳии ҳарҷонибаи мутахассисон қарор меёбанд, ибтидо мегирад.
Барои истеҳсоли элитаи картошка асосан нақшаҳои панҷсола ва шашсоларо истифода мебаранд. Нақшаи шашсола,
соли 1 – интихоби растаниҳои ибтидоӣ (клонҳо);
соли 2 – санҷиши клонҳои соли якум;
соли 3 – санҷиши клонҳои соли дуюм;
соли 4 – парвариши супер-суперэлита;
соли 5 – парвариши суперэлита;
соли 6 – рўёнидани элита.
Элитаро ба миқдори 15 тонна барои бо тухмӣ таъмин намудани майдони 100 га картошкаи истеъмолӣ истеҳсол менамоянд. Тухмии элитавиро инчунин дар асоси истифодаи суперэлитаи ин ё он навъ низ парвариш менамоянд.
Барои рўёнидани 100 тонна элита зимни истифодаи нақшаи 6-сола соли якўм камаш 500 растанӣ (клон) интихоб карда мешавад. 20 рўз пеш аз кишт лўндаҳои ҳар як клонро аз назар мегузаронанд ва клонҳои касалро нест мекунанд. Ба деҳқонон барои ҳар сол тухмии аълосифати суперэлитаро истеҳсол намудан, онҳо метавонанд аз байни картошказорашон клонҳои солимро ба миқдори 150 клони алоҳидаро (ниҳоли солими картошкаро) алоҳида шинонида, дар муддати се сол бештар аз 3 тонн суперэлитаро истеҳсол намояд. Дар вақти шинонидани клонҳо дар байни онҳо 0,5 м масофаро холӣ мемонанд. Клонҳо албатта дастӣ шинонида мешаванд ва ба клонҳо рақам гузошта, онҳоро дар дафтари «Ниҳолхонаи санҷиши клонҳо» ба қайд мегиранд.

пешина
аз 99
навбатӣ