АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Боби 6. ОИДИ ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА
6.1. Тухмипарварӣ дар асоси интихоби клонҳои солим Тухмии аълосифат яке аз омилҳои асосии ба даст овардани ҳосили баланди картошка ба шумор меравад. Бинобар ин дар оянда барои баланд бардоштани сифати тухмӣ ва ташкил намудани сохтори (системаи) тухмипарварии картошка корҳои зиёди илмӣ ва амалиро ба ҷо овардан зарур аст.
Клон-ҳосили як растании бо усули нашвӣ (вегетативӣ) афзоишёбанда дониста мешавад (клон калимаи юнонӣ буда, klon – навда, шоха ва ба забони англисӣ clone навишта мешавад). Ҳамаи ниҳолҳои як клон аз ҷиҳати генотип ва фенотип якхелаанд ва тухмипарварӣ аз солимии клонҳои интихобгашта вобаста мебошад. Тухмипарварӣ давоми корҳои селексионӣ буда, барои нигоҳдории дуру дарози навъҳои картошка дар шароити истеҳсолот роли ҳалкунандаро мебозад. Аҳамияти системаи тухмипарварӣ дар сурате амалӣ мегардад, ки корҳои тухмипарварӣ дар асоси талаботи илм ва таҷрибаи пешқадам дар минтақаҳои салқину ҷудогонаи манотиқи кўҳистон ташкил карда шаванд. Интихоби клонҳо ё ин ки растаниҳои солимро бо роҳи аз назаргузаронӣ, интихоби мақбул (позитивӣ) ва нобуд сохтани клонҳо ва растаниҳои касалро интихоби номақбул (негативӣ) меноманд. Интихоби мақбул асосан барои ба роҳ мондани системаи тухмипарварӣ дар асоси клонҳои солим истифода бурда мешавад. Ин шакли сохтори тухмипарварӣ бо истифодабарии интихоби мақбул дар ба даст овардани тухмии класси элитавӣ дар ҷадвали 8 оварда шудааст.
Аммо интихоби номақбул бошад асосан дар се давра: дар давраи баромади ниҳолҳо, дар давраи шона ва гулкунии ниҳолҳо ва пеш аз чидани ҳосили картошка гузаронида мешавад. Натиҷаҳои интихоби номақбул дар ҳар давраи гузарониданаш дар дафтарҳои қайдҳои чорабиниҳои тухмипарварӣ навишта, қайд карда мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки интихоби номақбул ҳар сол дар ҳар қитъаи тухмипарварии картошка гузаронида мешавад. Дар шароити ноҳияҳои баландкўҳи мамлакатамон ҳарорати ҳаво ва хок барои тухмипарварӣ хело мувофиқ буда, вайроншавии экологии ҷинсии лўндаҳои картошка кам мушоҳида гашта, барангезандаҳо ва паҳнкунандагони ҳар гуна касалиҳои вирусӣ, вироидӣ ва микоплазмагии ин зироат ба монанди ширинчаҳо, чирчиракҳо (цикадкаҳо) ва ғайраҳо тамоман кам вомехўранд.
Аз ин ҷост, ки солҳои дуру дароз дар як қатор ноҳияҳои кўҳии ҷумҳурӣ ба монанди Ҷиргатол, Кўҳистони Мастчоҳ, Ғончӣ, Рашт ва Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон як қатор навъҳои картошка беивазкунии тухмӣ, мўҳлатҳои тўлонӣ сифатҳои хоси биологӣ, морфологӣ ва навъияшонро гум накардаанд. Ба чунин навъҳо пеш аз ҳама навъҳои Ранная роза, Центифолия, Берлихинген, Лорх ва дигарон мисол шуда метавонанд. Махсусан, навъи Ранная роза, ки аз солҳои 50-ўми асри гузашта боз дар шароити ноҳияҳои кўҳистони Ҷиргатол, Ғончӣ ва Кўҳистони Мастчоҳ парвариш ёфта, ҳосилнокӣ ва хуштаъмиашро гумм накардааст. Навъи Кардинал, ки дар муддати зиёда аз 25 сол дар шароити ноҳияҳои Ҷиргатол, Кўҳистони Мастчоҳ ва Ғончӣ парвариш ва афзоиш дода шудааст, нишонаҳо ва хусусиятҳои ирсӣ ва тухмиаашро низ нигоҳ доштааст.
- Клонҳои солим (аз вирусҳо ва сирояти занбурўғу бактерияҳо озод);
- Клонҳои қисман сироятдор(онҳо нобуд карда мешаванд);
- Клониҳои пурра сироятдор (онҳо нобуд карда мешаванд).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё