АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

6.3. Тухмипарварии репродуксионӣ Тухмипарварии репродуксионӣ афзоиши тухмии элитавиро то репродуксияҳои 2-3-ўм ва аз ин ҳам зиёдро дар бар гирифта, тухмипарварии дохилихоҷагӣ номида мешавад. Вазифаи асосии он ивазкунӣ бо тухмии солими навъи картошка, ки дар хоҷагӣ парвариш меёбад ё иваз намудани он бо навъи нав ва истифодаи имкониятҳои ниҳонии лўндаҳои элитавӣ мебошад.
Хоҷагиҳои ҷумҳурии мо, ки дар минтақаҳои наздикўҳию кўҳӣ (беш аз 1500 м аз сатҳи баҳр ҷойгиранд ва ба истеҳсоли картошкаи хурокӣ махсус гардонида шудаанд), бояд аз рўи ҳисоби 10 т элита барои майдони 100 га картошказори хўрокӣ харидори намуда, онро дар қитъаҳои худ афзоиш диҳанд, яъне тухмипарварии дохилихоҷагиро ташкил намоянд.
Барои ба майдони 100 га рўёнидани тухмӣ қитъаҳои тухмпарварии дохилихоҷагиро дар ҳаҷми зайл ташкил мекунанд,
а) ниҳолхонаи репродуксияи якум – 2,5 га (лўндаҳои элита шинонида мешавад);
б) ниҳолхонаи репродуксияи дуюм – 10 га (лўндаҳои репродуксияи якум шинонида мешавад);
в) ниҳолхонаи репродуксияи сеюм – 30 га (лўндаҳои репродуксияи дуюм шинонида мешавад);
г) кишти картошкаи хўрокӣ – 100 га (лўндаҳои репродуксияи сеюм шинонида мешавад), Зимни овардани тухмии элита ҳосилнокии зерин ба нақша гирифта мешавад, соли якум – аз майдони 2,5 га на камтар аз 50 тона лўндаҳои кондисионӣ; соли дуюм – 10 га ва 150 тона ва соли сеюм – 30 га ва 300 тона лўндаҳои кондисионӣ.
Ин нақша дар сурате амалӣ мегардад, ки ҳосилнокии 1 га дар ниҳолхонаҳои репродуксияҳои 1, 2 ва 3 мувофиқан 285, 250 ва 200 сентнер бошад. Дар ин ҳол ҳангоми аз онҷо ҷудо кардани лўндаҳои калон, майда, захмдор ва ғайра баромади лўндаҳои кондисионӣ (тухмӣ) мутобиқан 200, 150 ва 100 сентнерро аз га-ро ташкил медиҳад (ё мувофиқан 70, 60 ва 50 фоиз аз ҳосили умумӣ).
Коэффитсиенти афзоиши лўндаҳо дар ниҳолхонаи репродуксияи 1 ва 2 бояд 1: 5 ва дар ниҳолхонаи репродуксияи сеюм – 1: 4 бошад. Миқдори тухмии ба ҳар га кишташаванда бояд 3,0- 3, 5 тона дар га бошад.
Аз растаниҳои касал, бегона, суст инкишофёфта тоза намудани майдонро дар давраи гўлкунӣ ва пеш аз хазоншавии баргу пояи растаниҳо мегузаронанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё