Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Шакли лўндаҳо аз намуди навъҳо вобастагӣ дорад. Шакли лўндаҳо кулула, дарозруя, гирди кулчамонанд, дарози суфта шуда метавонанд. Аммо бояд қайд намуд, ки аксар вақт шакли лўндаҳо аз таъсири сахтии хок низ дигар гашта метавонанд. Инчунин аз таъсири вирусҳо лўндаҳо метавонанд дукмонанд шаванд. Тез-тез дигаргун гаштани режими намнокии хок низ ба шакли лўндаҳо таъсир расонида, боиси пайдоиши лўндачаҳои иловагӣ дар танаи лўндаи асосӣ (деткование), рахпайдошавӣ(трешин) ва ковокшавии даруни лўндаҳо мегардад.
Пусти лўндаҳои картошка (перидерма) вобаста аз навъ – ҳамвор (силиқ) тунуки маҳин, ғафси дағал ва турдор мешавад.
Миқдори зиёди моддаҳои минералии калий ва нитроген боиси тунук гаштани пуст, вале моддаҳои фосфорӣ бошад боиси ғафсу дақал гаштани пўсти лўндаҳо мегардад.
Ранги лўндаҳои картошка аз миқдори антосиане, ки дар ҳуҷайраҳои пўст ҳаст, вобастагӣ дорад. Лўндаҳои картошка метавонанд сафед, сурх, зард ва бунафш бошанд. Мағзи (дилаи) лўндаҳои картошка низ метавонанд сафед, зард ва бунафш бошад.Дар буриши кўндаланги мағзи лўндаҳои навъи Ранная роза ҳалқаҳои рангини сурх дида мешавад, ки ин нишонаи авлодии (генетикии) ин навъ ба шумор меравад.
Вобаста аз навъҳои картошка лўндаҳои он миқдори зиёди моддаҳои ғизоиро доранд. Лўндаҳо ба ҳисоби миёна 75 фисад дар сад аз об ва 25 фисад дар сад моддаҳои хушкро доранд.Аз моддаҳои хушк оҳар (крахмал) – 17%, сафедаҳо-1,2%, моддаҳои минералӣ- 1,0 % моддаҳои органикӣ- 1,4%, клетчатка -1,0%, қанд- 0,9%, моддаҳои пектинӣ- 0,7%, аминокислотаҳо-0,7%, турушиҳои органикӣ-0,2% ва равқанҳо-0,1% -ро ташкил медиҳанд. Ба ҳисоби миёна дар лўндаҳои навъҳои тезпаз метавонад 9-18%, миёнапаз- 12-20% ва дерпаз -14-25% оҳар бошад. Сафедаи лўндаҳои картошка туберин буда, сифати баланди хўрокӣ дорад, зеро дар таркибаш қариб ҳамаи аминокислотаҳо мавҷуд аст. Дар таркиби лўндаҳо витаминҳои С-10-50мг%, А- 0,10мг%,В1 – 0,11мг%, В2 – 0,06мг%, В6 – 0,22мг%,РР-0,57мг%, кислотаи пантотеновӣ-0,32мг% ва анозин- 0,29мг% мавҷуд мебошад(Балашев, 1968).

пешина
аз 99
навбатӣ