Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Аз глюкозоидҳо дар пўсти лўндаҳои картошка 30-64мг% соланин аст, ки ин моддаи заҳрнок аст. Агар ин моддаи заҳрнок дар лўндаҳо аз 10мг% зиёд бошад, аз истеъмоли онҳо даст кашидан лозим аст. Солонин дар танаи ниҳолҳо – 2-4 мг%, дар барг- 55мг%, дар гул – 215-415мг%, дар майса – 420-720мг% мавҷуд аст. Инчунин дар лўндаҳои картошка моддаҳои минералӣ, калий-668мг%, натрий - 21мг%, калсий-10мг%, магний- 60мг%, оҳан-12мг% мавҷуд аст.
Пояи ниҳоли картошка. Пояи ниҳоли картошка метавонад, ки дароз,миёна ва кутоҳ бошад, ки ин нишона аз намуди навъҳо вобастагӣ дорад. Аксар вақт пояҳои (танаҳои) картошка ранги сабзро доро мебошанд, вале танаи баъзе аз навъҳои он ранги сабзи бунафш, сабзи ҷигарӣ низ буда метавонанд. Навъҳои картошка метавонанд аз 3-5 то 10-12 пояро доро бошанд.Агар пояи картошка кам бошад, лўндаҳо кам ва агар пояҳо дар ниҳол бисёр бошанд, лўндаҳо низ бисёртар пайдо мегарданд. Пояи картошка аксар вақт сеқирра мебошад. Вале як қисми навъҳо пояи беқирраи гирдро низ доро мебошанд.
Барги картошка. Барги картошка қайчибарги мураккаб буда, аз баргчаҳои алоҳидае, ки дар як поябарг часпидаанд, иборат мебошад. Дар поябарг ҷуфтҳои баргҳои ҳаҷман майдаи ба ҳамдигар муқобил ҷойгирифта вуҷуд доранд, ки дар байни ин ҷуфтҳо инчунин боз баргчаҳои боз ҳам хурдтар пайдо мегарданд.
Ҷуфтҳои барг бо тартиби муайян рақам доранд, ки аз барги тоқи охирин шумурда мешаванд.
Миқдори ҷуфтҳои баргҳо дараҷа сербаргии навъро муайян менамояд. Навъҳои сербарг зиёдтар аз 10 ҷуфт баргро доро буда, навъҳои камбарг бошанд ду-се ҷуфт баргча доранд. Ранги барги картошка вобаста аз навъаш метавонад, ки сабз, сабзи сафедча, сабзи сиёҳтоб ва сабзи хокистаранг бошад.
Гули картошка. Гули картошка аз поягул, косабарг, гулбаргҳо ва гулдону ҷанин иборат аст. Гул аз 5 косабарг, 5 тоҷбарг иборат буда, аз 5 гарданак, ки дар қисми поён якҷоя шудаанд ва гардгирак (узви моддинаи гул) иборат аст ва формулаи ботаникии гули картошка чунин аст: (Ca (5) Co (5) A 5 G (2).
Ранги гули картошка вобаста аз навъҳо метавонад сафед, сабз, бунафш, сурхи бунафш ва сафеди бунафш бошад. Ранги гардонҳои картошка метавонад зард, зарди баланд ва зарди сабзча бошад (расми 4). Ранги зарди баланди гарди гули картошка нишонаи серҳосилии навъ ба шумор меравад.
Ғўраи (меваи) картошка. Меваи картошка дар қисми болоии (охири) пояи вай, дар гулпоя пайдо гашта, шакли кулулаи гирдро доро мебошад. Меваи картошка духонагӣ буда, шираи бисёр дорад.
Дар даруни як дона ғўраи картошка аз 50 то 400 дона тухмакҳои майдаи ботаникӣ ҳосил мешаванд, ки вазни 1000 донаи онҳо 0,5- 0,8 г-ро ташкил медиҳад. Андозаи тухмакҳои ботаникии картошка 1,3- 1,8 мм –ро ташкил менамояд. На ҳамаи навъҳои картошка қобилияти мевадиҳиро доранд.
Қисми зиёди навъҳои картошка шона ва гулро резонида, ғўра (мева) намедиҳанд. Ба мевабандии навъҳои картошка боду ҳавои салқину сернами кўҳистон мусоидат менамояд.

пешина
аз 99
навбатӣ