Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Боби 3. ТАВСИФИ БИОМОРФОЛОГИИ КАРТОШКА

Картошка ба оилаи паслёновиҳо (Solanacae) ва авлоди Solanum (авранҷгулон) мансуб аст. Дар ин авлод қариб 200 намуди картошкаи ёбоӣ, нимёбоӣ ва маданӣ дохил мешаванд.
Намудҳои мадании ин зироат ба намуди соланум туберозум (Solanum tuberozum L.) ва соланум андигениум (Solanum аndigenum) таалуқ доранд.
Номи ботаникии картошкаро олими шведсарӣ Каспар Баухин дар соли 1596 гузоштааст, ки ин Соланум туберозум (Solanum tuberosum L.) аст. (Головкин, 1986). Картошкаро дар мамлакатҳои гуногуни олам номҳои гуногун мондаанд. Масалан, картошка дар Италия «тартюфоли» - трюфели заминӣ, дар Ҳиндустон ва Испания «папа», дар Франсия ва Эрон «себи заминӣ», дар Олмон «ноки заминӣ», дар Америка ва Англия «батати ирландӣ», дар Ирландия «тарту», дар Ҳолланд «арданел», дар Афғонистон «качалу», дар Россия «картофель»
номида мешавад. Калимаи картошка аз калимаи немесии картофель гирифта шудааст (Партоев ва диг.,1988) Картошка ин растании бисёрсолаи алафӣ буда, ба воситаи органҳои вегетативиаш (лўндаҳо, мўғчаҳо, қисми танааш, майсааш) ва генеративиаш (тухум) афзоиш меёбад. Дар корҳои навъбарорӣ (селексионӣ) картошка ба воситаи тухмаш низ афзоиш дода мешавад.

3.1. Хусусиятҳои анатомӣ ва морфологии картошка
Решаи картошка. Решаи картошка асосан ду хел мешавад.
Агар картошка аз лўнда афзоиш ёфта бошад, решаи вай патакреша буда, агар аз тухм афзоиш ёбад – тирреша мебошад.
Қисми асосии решаҳои картошка асосан дар чуқурии 18-25 см ва қисми дигарашон дар чуқурии 70-80см ҷой мегиранд. Фақат қисми ками решаи картошка то чуқурии 1,5- 2,0 метр рафта мерасад. Навъҳои тезпазаки картошка решаи нисбатан кўтоҳтар, вале навъҳои миёнапаз ва дерпази бошанд решаи дароз доранд.
Лўндаи картошка. Лўндаи картошка ин қисми дигаргунгаштаи танаи зеризаминӣ ба шумор меравад. Вақте, ки лўндаҳо хурд мебошанд, дар онҳо баргҳои майдаи сафедча дида мешванд, ки онҳо бо мурури калон гаштани лўнда нест гашта, ҷойи онҳо ба намуди қоши лўнда боқӣ мемонад. Дар лўнда муғчаҳое ҳастанд, ки аз онҳо тана мерўяд ва онҳоро чашмаки лўнда меноманд. Дар чашмакҳои лўнда асосан 2-3 муғча ҷойгир мешавад, ки аз онҳо яктояш сабзида, мондагиаш ҳамчун муғчаҳои эҳтиётӣ ниҳон мемонанд. Чашмакҳо дар қисми сарии лўнда бисёртар ҷойгир шуда, ба тариқи спиралӣ мехобанд. Миқдори чашмакҳо вобаста аз навъҳо аз 4-5 то 10- 15 дона мебошанд. Чашмакҳо дар лўндаҳо дар чуқурии 1-2 мм ҷойгиранд.
Муғчаи лўндаи картошка аз нуқтаи сабзиш, баргҳои ҷанинӣ ва решачаҳои ҷанинӣ иборат аст. Аз муғчаҳо майса месабзад, ки вай дар торикӣ дарози сафеди борик, дар зери равшанӣ бошад кўтоҳи пурқувват мегардад.

пешина
аз 99
навбатӣ