Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ҳангоми серкулўх ва сахт будани хок шакли як қисми лўндаҳояш дағал шуда, сифати молии онҳо паст мегардад.
Барои кишти тобистона бо истифодаи лўндаҳои нав чидашуда навъи хуб ба ҳисоб меравад. Ба касалиҳои вирусии мозаикӣ ва фитофтороз нисбатан тобовар буда, аммо аз печидашавии баргҳо (вируси L), готика ва пажмурдашавии столбурӣ зарар мебинад. Дар Тоҷикистон солҳои тўлонист, ки навъи ноҳиябандишуда ба ҳисоб меравад.
Навъи «Полёт». Дар стансияи давлатии селексионии Тулунский да даст оварда шудааст. Навъи пешпазак аст. Пояаш баланди миёна, навдаҳои паҳлўгаш кам ва сербарг аст.
Баргҳояш андозаи миёна, ранги сабзи тира, ҷилои хоса ва рангронии миёна доранд.
Давраи гулкуниаш кўтоҳмуддат буда, ранги гулҳояш сафед аст. Дар минтаҳаи кўҳӣ баъзан ғўра мебандад.
Лўндаҳояш сурхи гирд, камчашмаки ҳамвор, вале аксар вақт тур мебанданд, мағзи лўндаҳо сафед, баъди буридан сиёҳ намешаванд, дорои хосияти хуби нигоҳдорианд. Ҳосилнокиаш миёна (то 250-300 с-га), барои дар шароитҳои водӣ ва рўёнидани ҳосили барвақтӣ қуллай аст. Ба фитофтора, пўсиши фузариозӣ ва саратони картошка тобоварии саҳроӣ дорад. Аммо ба вируси У таъсирпазир буда, аз нақшҳои рах-рах ва чиндор зарар мебинад.
Солҳои охир дар ҷумҳурӣ санҷиши васеи навъҳои голландӣ ба роҳ монда шудааст. Дар байни онҳо бо ҳосилнокии баланд навъҳои Сантэ, Пикассо, Импала ва баъзеи дигарашон фарқ мекунанд. Чунон чи, ҳосилнокии навъи Пикассо дар ноҳияҳои Ҷиргатол, Рашт, Ғончӣ дар заминаи истифодаи агротехникаи баланди парвариш то ба 400- 450 с/га мерасад. Лўндаҳои ин навъ сифатҳои хуби молӣ доранд, хеле хуштаъманд. Бо вуҷўди ин парвариши он баъзе нозукиҳо дорад, агар ҳиссаҳои буридашудааш ба замин ҳамчун тухмӣ шинонида шаванд, як қисмашон мепўсанд ва киштзор сирак мегардад; ҳангоми бо майдончаи васеътари қизогирӣ гузаронидани кишт (аз 70х20 см зиёдтар) дар ҳосили он ҳиссаи лўндаҳои аз ҳад калон, ки баъзеашон ба 800-1000 г мерасанд, хеле зиёд мегардад.

пешина
аз 99
навбатӣ