Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Навъи поябаланд, пояааш дар давраи ҳосилбандӣ меғалтад, сербарг, баргҳояш ҷилонок, ҷои ба поя пайвастшавӣ думчаи баргҳо ранги антотсианӣ дорад. Бисёр гул мекунад. Гулҳояш сафед мебошанд.
Ғурабандиаш дар минтақаи кўҳӣ хеле кам мушоҳида мегардад.
Лўндаҳояш дарозшакли серчашмаканд. Чашмакҳо дорои ҷойгиршавии чуқурии миёна мебошанд. Ранги лўндаҳо сурх (гулобӣ), мағзи онҳо сафед, вале ҳалқаи гулобӣ доранд.
Нешакҳояш сурхи бунафштоб мебошанд. Навъи барвақтӣ, вале дар минтақаи кўҳӣ то 120-125 рўз давом кардани давраи нашъунамои онро мушоҳида кардан мумкин аста. Тахмин мекунем, ки дар натиҷаи парваришу интихоби давомнок аз тарафи деҳқонони маҳал дар хоҷагиҳои кўҳӣ шакли миёнадерпазаки он ба вуҷуд омадааст.
Ҳосилнокиаш миёна буда, оҳарнокии лўндаҳо- 18 фоиз, лаззати онҳо хуб аст. Пўсти лўндаҳо нозук аст; нигоҳдории хуби онҳоро баъди нағз хушконидан ва амалӣ намудани давраи муолиҷавӣ таъмин кардан мумкин аст. Ба касалиҳои саратон, вирусӣ ва фитофтора тобовар нест. Аз ин сабаб парвариши он ҳоло хеле маҳдуд гардидааст. Ҳоло ин навъ дар лабораторияи генетикаи молекулавӣ ва биотехнологияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав барқарор карда шуда истодааст.
Навъи «Лорх». Ин навъ тақрибан 50 сол боз дар Тоҷикистон парвариш меёбад.
Дар Институти хоҷагии картошкаи Федератсияи Россия бароварда шудааст.
Аслан навъи миёнадерпазак буда, аз рўи давраи нашъунамояш дар ҷумҳурии мо (105-115 рўз) ба навъҳои миёнапазак мансуб аст. Лўндаҳояш дарозрўя ва гирд, пўсту мағзи сафед дошта, зимни хуб расидан тур мебанданд ва хуштаъманд. Баргу поя (соқа)-аш баланди сернавда ва сербарг буда, ранги сабзи равшан дорад. Гулаш бунафши сафеди сурхчатоб аст. Гулшукуфташ хуб аст ва кам ғўра мебандад.
Ин навъро дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон парвариш кардан мумкин аст, то 250-300 сентнер ҳосил медиҳад. Як ниҳол 8-10 дона лўнда дошта метавонад. Вале рўёнидани ҳосили хуби он агрофони баланд, алалхусус ғизои нитрогенӣ ва поруандозии зиёдро талаб менамояд.

пешина
аз 99
навбатӣ