Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

5.4. Тавсифи навъҳои картошка
Дар давоми тахминан сад соли таърихи картошкапарварӣ дар Тоҷикистон навъҳои бисёри ин зироат ба ҷумҳурӣ ворид гардида, беҳтарини онҳо муддати муайян татбиқи васеи истеҳсолӣ ёфтаанд.
Аз қабили онҳо навъҳои машҳури Ранняя роза, Лорх, Берлихинген, Кореневский, Сентифолия, Курер, Красавчик, Эпрон, Эпикур, Смисловский, Седов, Волжанин, Волтман, Колхозная роза, Приекулский ранний, Сулев, Лошиский, инчунин навъҳои маҳаллии Қаҳрамони ҳисорӣ, Сталинободии маҳаллӣ, Маҳаллии сурх ва ғайраро номбар кардан мумкин аст. Вале бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла дуруст ба роҳ намондани тухмипарварии ин навъҳо гирифтори касалиҳои гуногуни вирусӣ, вироидҳ ва микоплазмӣ шуда, инқироз (вирождение) гаштанд ва аҳамияти истеҳсолии худро тадриҷан гум карданд. Аз байни онҳо то солҳои охир дар ҷумҳурӣ танҳо навъи Лорх ва дар баъзе қитъаҳои кўҳӣ Ранняя роза парвариш мешаванд. Ҳоло дар Тоҷикистон бештар навъи Кардинал паҳн гардидааст (дар ноҳияҳои кўҳӣ ин навъ майдонҳои асосиро ишғол менамояд). Дар баъзе ноҳияҳо навъҳои Лорх, Полет, Невский, Жуковский ранний, Зарина, Мона Лиза, инчунин навъҳои нави голландӣ, ба монанди Пикассо, Сантэ, Кондор ва ғайра каму беш вомехўранд. Бояд қайд намуд, ки ин навъҳо бо кумаку дастгирии бисёр ташкилотҳои баналмилал ба монанди FAO, GAA, MSDSP, CARE INTERNATIONAL, ACTED ва дигарон дар давоми солҳои охир берун аз марзи ҷумҳурӣ оварда шудаанд (Наимов ва диг., 2009).
Дар поён тавсифи баъзе аз ин навъҳои картошка оварда мешавад.
Навъи «Ранняя роза». Аз тухми навъи Гарнет Чили ба даст оварда шудааст. Аз соли 1931 дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ минтақабоб карда шудааст. Дар Тоҷикистон мисли навъи Лорх муддати тўлонист, ки парвариш меёбад, ҳоло онро танҳо дар баъзе аз хоҷагиҳои кўҳӣ дучор шудан мумкин аст.

пешина
аз 99
навбатӣ