АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агар ин корҳо дар гармхонаҳо бо ҷо оварда шаванд, ниҳолҳо боз хубтар нашъу намо менамоянд. Ниҳолҳои баромада баъди 30-40 рўз парвардаи хуб мегарданд ва метавон онҳоро баъди ин дар ҳавои кушод (тахминан моҳҳои маю июн) дар замини хокаш серғизо шинонд. Парвардаро инчунин дар замини хокаш нав (пеш дар он хок картошка кишт нашуда бошад) метавон парвариш намуда, баъд ба замин гузаронид. Схемаи кишти тухмакҳо дар ниҳолхона метавонад 10х10 см бошад, аммо схемаи кишти парвардаҳо ё ин ки кишти тухмакҳо дар дохили қутичаҳои қоғазин дар майдони гармхона бояд 40 см х 15-20 см бошад.
Ниҳолҳои ҳар намуди навъ ё ин ки дурага бояд дар ҷўякҳои алоҳида кишт шаванд ва бо тахтачаҳои махсус дар аввали қатор нишона дошта бошанд. Дар дафтар низ бояд ҳар намуди растаниҳои гибридӣ ва рақами қаторҳо қайд гарданд. Ба ниҳолҳо аз давраи баромади онҳо, шонабандӣ ва то чидани ҳосил бояд дар муддати ҳар як 5-7-рўз як бор об монда шавад.
Дар давраи нашъунамои ниҳолҳо ба шонабандӣ, гулкунӣ, лўндапартоӣ, вақти хушк гаштани баргу поя ва ба касалиҳо гирифтор нагаштани онҳо диққати асосӣ дода мешавад.
Дар вақти чидани ҳосил бошад, ба шакли лонаи онҳо (зич ё ин ки парешон), миқдори лўндаҳо, шакл ва намуди берунии лўндаҳо, инчунин ба касалиҳои занбурўғӣ гирифтор набудани онҳо диққат дода мешавад.
Аз байни растаниҳои дурага метавон растаниҳое, ки ҳосили бисёр доранд, лўндаҳояшон якхелаанд ва касал нестанд, клонҳоро интихоб карда, барои дар оянда омўхтан интихоб карда мешаванд. Аз растаниҳои боқимонда яктогӣ лўндаро гирифта, омехтаи лўндаҳоро барои омўхтан ва зиёд намудан нигоҳ медоранд. Ҳосили растаниҳои дурагавиро бошад солҳои оянда низ санҷида, аз байни онҳо интихоби клонҳои беҳтарро гузаронида, ҳосили дигар растаниҳои гибридиро ҷамъоварӣ намуда, боз меомўзанд ва зиёд мегардонанд. Бо ҳамин тариқ дар натиҷаи омўзиши чандсола метавон гибриди серҳосил, ба касалиҳо тобовар ва қобилияти нигоҳдории лўндаҳояш хуб ба даст оварда шавад. Чунин гибриди серҳосилро, ки дар муддати 5-7 сол омўхта мешавад, муллифон ном гузошта, ба Комиссияи навъсанҷӣ, ҳамчун навъи нав месўпоранд.
Комиссияи давлатии навъсанҷӣ навъи нави картошкаро дар минтақаҳои гуногун санҷида мебарояд. Агар ин навъ дар муддати ду-се сол нисбат ба дигар навъҳо серҳосил, ба касалиҳо тобовар ва хуштамътар бошад, Комиссияи давлатии навъсанҷӣ барои ноҳиябандӣ кардан ва зиёд намудани майдони кишти ин навъи нав дар ноҳияҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ рўхсат медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё