Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Аксари ин гуна лўндаҳо дарунковок мешаванд, як қисмашон дар замин ва ҷои нигоҳдорӣ мепўсанд. Ғайр аз ин, баъзе лўндаҳо гирифтори ризоктониоз мегарданд ва тарқишҳо пайдо мекунанд, ки дар натиҷа сифатҳои молиашон паст мегардад.
Навъи «Невский». Дар Институти Шимолу Ғарбии Федератсияи Россия ба даст оварда шудааст. Қариб дар тамоми қаламрави собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва баъзе мамолики хориҷӣ паҳн гардидааст ва яке аз навъҳои беҳтарин ба ҳисоб меравад. Ба Тоҷикистон тахминан солҳои 80-уми садсолаи сипаригашта оварда шудааст. Навъи миёнаи барвақтӣ буда, дар муддати 90 рўз ҳосилаш пўхта мерасад. Лўндаҳояш тухмшакл буда,пўсту мағзи сафед ва чашмакҳои рўяки гулобӣ, сифатҳои молӣ ва лаззати хуб доранд.
Баргу пояаш миёнақади сербарг ва сабзи тираранг, ба садача шабоҳат дорад. Гулаш сафед аст, гули фаровон мекунад, вале давомнокии ин давраи нашъунамояш хеле кўтоҳ аст (тез аз гул "мефарояд"). Ғўрабандиаш танҳо дар қитъаҳои кўҳӣ ва доманакўҳӣ мушоҳида мегардад ва кам мебошад. Як ниҳол одатан аз 4 то 6 дона лўнда мебандад. Ин навъро дар ҳамаи минтақаҳо парвариш кардан мумкин аст, вале барои рўёнидани ҳосили барвақтӣ кишти бештари он дар водиҳо мақсаднок аст. Ҳосилнокиаш то 250- 300 с/га ва баъзан зиёдтар мебошад. Ба як қатор касалиҳои вирусӣ ва занбурўғӣ тобовар буда, аз столбур камтар сироят меёбад. Аз макроспориоз, захми муқаррарӣ ва хокадор баъзан зарар мебинад. Ба низоми дурусти обмонӣ эҳтиёҷи баланд зоҳир мекунад, ҳангоми кам будани намии хок баргҳои поёниаш тез хушк шуда мерезанд ва ҳосилнокиаш низ паст мегардад.
Навъи «Жуковскии ранний». Ба Тоҷикистон аввали солҳои 90-уми асри гузашта оварда шудааст.
Дар Институти хоҷагии картошкаи Федератсияи Россия бароварда шудааст.
Мутобиқи шаҳодатномаи навъиаш(сертификат) ин навъ пешпазак аст, вале дар шароитҳои ҷумҳурии мо бештар аломатҳои миёнапешпазакро зоҳир менамояд, нашъунамояш то 95 рўз идома меёбад.

пешина
аз 99
навбатӣ