Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

5.3. Ба даст овардани навъҳои нави картошка бо усули дурагакунӣ
Навъҳои картошкаро олимон ва селексионерони халқӣ бо роҳҳои дурагакунӣ (гибридизасия), интихоби сунъӣ ва истифодабарии омилҳои мутагенӣ (наслдигаркунанда) ба даст меоранд.
Роҳи асосии ба даст даровардани навъҳои нави картошка албатта усули дурагакунии навъҳо ба шумор меравад.
Дар натиҷаи дурагакунӣ гибридҳои мураккаби гуногун ба даст оварда мешаванд, ки аз дохили онҳо бо роҳи интихоби сунъӣ селексионерҳо растаниҳои алоҳидаро (клонҳои алоҳидаро) ҷудо карда, дар муддати як чанд сол онҳоро меомўзанд. Просесси дурагакунӣ асосан аз ба ҷо овардани корҳои зеринро дар бар мегирад: интихоби навъҳои дурагашаванда, дурагакунӣ, ба даст овардани растаниҳои дурага (гибридӣ), омўхтани онҳо ва интихоб карда гирифтани растаниҳои аҳамиятнок аз байни растаниҳои дурага.
Барои ба даст овардани навъи нав ба селексионер лозим аст, ки нишонаҳои ирсии (авлодии) навъҳои дурагашавандаро омўзанд.
Аз сабаби оне, ки нишонаҳои зарурии навъҳо хело бисёранд, селексионерҳо онҳоро ба назар гирифта, диққати асосиро ба чунин сифатҳои онҳо бештар равона месозанд: серҳосилӣ, ба касалиҳои гуногун ва ҳашаротҳо тобовар будан, лонаи хурди лўндаандозӣ доштан, бомазза будани лўндаҳо, қобилияти нағз нигоҳ доштани лўндаҳо дар вақти нигоҳдорӣ, тезпазӣ, ғўрабандӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Дар таркиби як навъи картошка омехтани ҳамаи нишонаҳои беҳтар албатта кори мураккаб мебошад. Бинобар ин селексионерон кушиш менамоянд, ки ҳарчи бештар нишонаҳои зарурӣ дар навъи ихтироъшаванда омехта гарданд. Барои ба ин мақсад ноил гаштан лозим меояд, ки навъҳои дурагашавандаро пешакӣ омўхта, вобаста аз нишонаҳои авлодии онҳо навъҳоро барои дурагакунӣ интихоб намоянд. Лўндаҳои навъҳои бо ҳам дурага мекардагиро дар майдони алоҳида, ки хоки серҳосил доранду бо об нағз таъмин мебошанд мешинонанд. Як навъ метавонад ҳам бо сифати модарӣ ва ҳам бо сифати падарӣ истифода гардад. Навъҳои ба сифати падарӣ истифоашаванда бояд гарди зиндаи дорои қобилияти баланди бордоркунӣ дошта бошанд. Агар навъҳои бо ҳам дурагашаванда дар қаторҳои (ҷўякҳои) бо ҳам ҳамсоя ё ин ки наздик шинонда шаванд, гузаронидани просесси дурагакунӣ осон мегардад.
Дурагакунӣ. Барои гузаронидани дурагакунӣ дар растаниҳои навъҳои модарӣ гулҳои нағз тарақиёфтаро ҷудо карда(интихоб) карда гулҳои мондаро аз гулдон канда мепартоянд. Одатан дар як гулдон барои гузаронидани бордоркунии сўнъӣ 3-4 то гуле, ки онҳо бояд пагоҳ кушода шаванд, нигоҳ дошта, гулҳои дигарро канда партофтан зарур аст.

пешина
аз 99
навбатӣ