АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Масалан, соли 1985 дар байни ниҳолҳои навъи Лорх як ниҳолро дарёфт намудем, ки ранги лўндаҳои вай аз ранги лўндаҳои модарӣ фарқи калон доштанд.
Агар ранги чашмаку қоши лўндаҳои модарӣ сафед бошад, пас ин аломатҳо дар ин ниҳоли мутантӣ сурх буданд. Ин аломатҳои тағирёфта чанд сол такрор гаштанд, ки ин нишонаи мутасия гаштани ин аломатҳоро дар шароити баладкўҳ нишон медиҳад.
Дар соли 1987-ўм дар байни ниҳолҳои навъи Ранная роза мо як ниҳолро дарёфтем, ки ранги лўндаҳояш бунафш буд. Рагни лўндаҳои навъи модарӣ бошад сурх аст. Ин аломати тағирёфта чанд сол давом намуд. Чунин дигаргун гаштани ранги лўндаҳоро мо дар байни ниҳолҳои навъҳои Невский, Гатчинский, Кардинал ва ғайраҳо мушоҳида намудем.
Ба ҳамин тариқ бояд қайд намуд, ки шароити экологии ноҳияҳои баландкўҳи ҷумҳурӣ метавонад бисёр нишонаҳои модарии навъҳои картошкаро тағир диҳад, ки ин просесс барои интихоби клонҳои нав ва навъбарорӣ аҳамияти калони илмӣ дорад.
Дигар усуле, ки вай низ боиси дигаргун гаштани нишонаҳои авлодии ин ё он навъ мегардад ин дар шароити лабораторӣ (сунъӣ) сабзонидани нуқтаи сабзиши майсаи картошка ба шумор меравад. Ин усулро усули биотехнологии сабзонидани меристемаи ниҳолҳо ва бевирус (беҷирм) гардонидани тухмии картошка меноманд. Ин усулҳои нави биотехнологӣ ҳоло дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои АИ ҶТ ва Университети аграрии ба номи Ш. Шоҳтемур ба ҷо оварда мешаванд. Олимони ин институтҳои тадқиқотӣ муайян намуданд, ки дар раванди беҷирм сохтани навъҳои Лорх, Невский, Жуковский ва ғайраҳо бехҳои бо нишонаҳои дигаргунгашта пайдо гаштаанд, ки бо ранги лўндаҳо ва ранги гулҳояшон аз ниҳолҳои модарӣ фарқи кулӣ менамоянд. Ин нишонаҳои тағирёфта дар муддати солҳои дигар низ пайдо гаштаанд, ки ин нишонаи диграшавии (мутатсия) ин нишонаҳоро нишон дод. Ҳоло ин линияҳои нави картошка, ки бо усулҳои биотехнологӣ ба даст оварда шудаанд, дар қитъаҳои санҷишӣ омўхта шуда истодаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё