Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Вале, як хусусияи ноқулайи ин навъ дар он зоҳир мегардад, ки дар вақти парвариши вай дар ҳолати зиёд истифода намудани нуриҳои маъданӣ ва ҳосилхез будани замин як қисми лўндаҳои вай калон – калон гашта, аз беруни лўнадҳо мекафанд, ки ин ҳолат ба сифати молии лўндаҳо ва нигоҳдории онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Барои беҳтар намудани ин нишонаҳо бояд бо ин навъ корҳои селексиониро дар оянад давом дод. Ҳоло ин навъи картошка асосан дар шароити ноҳияҳои Роғун, Ғончӣ. Ҷиргатол ва Мўъминобод аз тарафи деҳқонон кишт ва афзун гардонида мешавад.
Дар муддати солҳои 2005-2013 олимони тоҷик дар натиҷаи ҳамкорӣ ва омузиши гибридҳои аз Маркази умумиҷаҳонӣ картошка гирифта, навъҳои нави катошкаро ба даст овардаанд, ки тавсифи онҳо дар боло оварда шуда буд. Навъҳои нави картошка бағайр аз усули дурагакунии навъҳо ё ин ки аз тухмҳои ботаникӣ сабзонида гирифтани навъҳои модарӣ, инчунин бо усули интихоби сунъии клонӣ (ҳосили як ниҳоли картошкаро клон меноманд)низ ба даст оварда мешавад.
Чи тавре ки таҷрибаҳои гузаронидаи мо нишон доданд, дар просесси парвариш намудани навъҳои картошка дар шароити ноҳияҳои баладкўҳ дар зери таъсири бисёр омилҳои мўҳити беруна, ба монанди нури баланди ултрабунавши офтоб, магнетизми баландиҳо, моддаҳои химиявии дар хок буда ва ғайраҳо баъзе аз нишошнаҳои зироати картошка дигаргун мегарданд, ки ин просесро дар илм мутагенез (дигаргун гаштани нишонаҳои авлодӣ) меноманд.
Дар вақти парвариш намудани навъҳои гуногуни картошка дар минтақаи Лахши ноҳияи Ҷиргатол, ки дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир гаштааст, як қатор нишонаҳои картошка дигаргун гаштанд.

пешина
аз 99
навбатӣ