АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Гулҳои барои бордоркунӣ мондаро пеш аз кушода гаштани онҳо ба воситаи пинсети хурд тоҷбаргҳо ва гардонҳои онҳоро канда мепартоянд. Баъди ин онҳоро ба воситаи қоғази махсус ё ин ки ба воситаи найчаҳои хурди пояи ғалладонагиҳо (дарозии 3-4 см) мепўшонанд (изолятсиякунии гули ахтагашта), то ин ки гарди гули навъи бегона ба онҳо нағалтад. Вале, дар баъзе ҳолатҳо дурагакуниро бе изолтсиякунонӣ низ мегузаронанд, чунки картошка растании пурра худро бордоркунанда ба шумор меравад ва бордоршавии бегонагӣ то 0,1-0,5 фоизро ташикл карданаш мумкин аст. Гули навъи падариро бошад, 10-12 соат пештар аз растанӣ ҷудо намуда, дар шароити хона дар болои қоғази сиёҳ нигоҳ медоранд.
Гардолудкунӣ ё ин ки дурагакуниро одатан саҳар (соатҳои 7-10) мегузаронанд. Гарди гули навъи падариро дар болои қоқази сиёҳ оҳиста-оҳиста афшонда, ҷамъ менамоянд. Баъд гардҳои дар болои қоқаз ҷамъомадаро дар зарфи (пробирка) хурд ҷойгир кунонида, ба назди ниҳолҳои навъи модарӣ меоранд. Қоғази муҳофизатиро ё ин ки найчаи хасинро аз гулҳои бордоршаванда гирифта, бо ёрии чубчаи гўгирд, ки дар нугаш каме пахта печонда шудааст, гардро аз найчаи шишагин гирифта ба болои гардгираки навъи модарӣ мешинонанд.
Баъд боз гулу гардгиракро ба воситаи қоғази муҳофизатӣ ё ин ки найчаи хасин мепўшонанд ё ин ки онро немепўшонанд. Дар пояи гулдон бошад рақам, ишораи (формулаи) навъҳои дурагашуда ва санаи гузаронидани дурагакуниро дар қоқаз ё ин ки порчаи плассмаси сафед бо қалами сиёҳ навишта, овезон менамоянд. Инчунин ин маълумотро дар дафтари дурагакуниҳо бо рақами қатори шинонидашудаи навъҳо низ навишта қайд менамоянд. Барои ба даст овардани дурагаҳои картошка метавон ҷуфтикунонии навъҳои картошкаро бо усули дурагакунонии бевосита (гулпайванди якчониба) ва ҷуфтикунонии баргарданда (гулпайванди дучониба, масалан, АХВ; АВХА ё ВХА) гузаронанд. Дар дафтари ҷуфтикунонӣ формулаи ҷуфтикунонӣ, миқдори гулҳои гардолуд кунонидашуда (бордоркунонидашуда) ва таърихи дургакунонӣ навишат мешавад.
(Масалан, ♀ Дусти Х ♂ Зарина – 25.VII. 2009). Аломатҳои ♀-растании гаргиранда (модарӣ) ва ♂ гарддиҳанда (падарӣ) мебошанд.
Ғўраҳои (меваҳо ё ин ки мевағўраҳо) дар натиҷаи ҷуфтикунонӣ ҳосилшударо метавон пас аз 35-45 рўз аз таърихи ҷуфтикунонӣ ҷамъоварӣ намуд, чунки онҳо метавонанд аз таъсири шамол ба замин рехта гум шаванд. Вале, агар дар ин муддат ғўраҳои аз дурагакунӣ ҳосилшуда ҳоло хурд ва норасид бошанд, онҳоро ба воситаи дока ба танаи поягул як чанд рўзи дигар баста мондан лозим аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё