Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ба ҳисоби миёна дар лўндаҳои картошка қариб 25 фоиз моддаҳои хушк мавҷуд мебошад, ки қисми зиёди онро оҳар (крахмал) ташкил медиҳад. Оҳари лўндаҳои навъҳои тезпаз нисбат ба лўндаҳои навъҳои миёнапаз ва дерпаз кам мебошад. Миқдори оҳари лўндаҳои навъҳои миёнапаз ва дерпаз то ба 22 - 25 фоиз мерасад. Зиёд будани миқдори оҳар дар таркиби лўнадҳо ба кам пўсидани онҳо мусоидат менамояд.
Сафедаҳо.
Миқдори умумии моддаҳои нитрогенӣ дар таркиби лўндаҳои картошка нисбат ба дигар зироатҳо камтар аст (1-4 фоиз). Сафедаи лўндаи картошка туберин ном дорад ва сифати баланди хўрокӣ дорад, зеро дар таркибаш қариб ҳамаи аминкислотаҳо мавҷуданд.
Витаминҳо. Дар лўндаҳои картошка витамини С бисёр аст.
Вобаста аз навъҳо миқдори ин витамини барои организми одам хело зарурӣ аз 10 то 50мг-ро ташкил менамояд. Дар вақти нигоҳдории лўндаҳо дар фасли зимистон миқдори витамини С кам гашта, ба 5-12мг мерасад.
Витамини А дар лўндаҳои картошка хело кам вомехўрад (то 0,1 мг). Асосан дар навъҳое ки мағзи лўндаашон ранги зард доранд витамини А-ро бисёртар доро мебошад. Дар лўндаҳои навъҳои гуногуни картошка инчунин витаминҳои В1 – 0,11 мг; В2 -0,06; В6 - 0,22; РР-0,57 ва кислотаҳои пантетоновӣ – 0,32; анозит – 0,29мг мавҷуд аст.
Глюкозоидҳо. Аз глюкозоидҳо дар лўндаҳо ва дигар узвҳои картошка асосан соланин вомехўрад, ки вай маззаи талх дорад.
Соланин дар пўсти лўнда ба миқдори 30-64мг, дар мағзи лўнда – 1-10, дар майса-420-720, дар гул-215-415, дар барг-550-606 дар тана-2-3,5мг мавҷуд аст.
Соланин моддаи заҳрнок буда, агар миқдори вай дар лўндаҳо ба миқдори бештар аз 20мг бошад, аз истеъмоли онҳо бояд даст кашид.
Моддаҳои минералӣ. Миқдори умумии моддаҳои минералӣ дар лўндаҳои картошка аз 0,5 то 1,8 фоизро ташкил менамояд.
Дар таркиби лўндаҳои картошка ба миқдори 668 мг калий, 21мг натрий, 10мг калсий, 23мг магний, 12мг оҳан ва дигар элементҳои химиявӣ ёфт шудаанд.

пешина
аз 99
навбатӣ