АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

5.2. Натиҷаҳои корҳои селексионӣ
Дар ба даст овардани ҳосил баланди картошка навъҳои нави серҳосил аҳамияти калон доранд. Дар шароити ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои гуногун олимон ба монанди Р.А. Перлова, Н.В. Лебедева, В.В. Кушнарева, М. Гулмамедов, К. Қаюмов, Б.К.Каримов, Ю. С. Носиров, Қ.Алиев, Д. Джонгиров, А.Ф. Салимов, С.Наимов, Қ. Партоев, А. Муминҷонов, М. Анварова, Х.Каҳоров, М. Назаров, З. Давлятназарова, У. Ҳотамов, И.Сабоиев, М. Азимов, Р. Бобохонов, Х.Эмомов, Н. Назарова, Т.Муқимов, Б. Бободжанов, М. Отамбекова, З. Неъматуллоев, М.Х. Шукурова, М.А. Азимов ва дигарон барои омўхтану ба роҳ мондани тухмипарварии картошка ва ба даст овардани навъҳои нави картошка корҳои илмии гуногунҷабҳаро ба анҷом расонидаанд.
Махсусан, таҷрибаҳои илмие, ки Р.А. Перлова (1958) дар шароити Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар солҳои 30-40-ум оиди омўхтани намуду навъҳои гуногуни картошка гузарониданд, хело диққатҷалбкунанда буда, нишон доданд, ки дар шароити баландкўҳ қариб ҳамаи намуду навъҳои картошкаҳои ёбоӣ, нимёбоӣ ва мадании картошка гул карда, ғураву меваи бисёр медиҳанд. Н.В. Лебедева бошад дар солҳои 60-70-ум барои ба даст овардани гибридҳои ба касалиҳо тобовар як қатор таҷрибаҳои илмиро ба итмом расонид (1970). В. В. Кушнаревадар солҳои 70-80-ум як чанд гибридҳои картошкаро, ки аз институти тадқиқотии картошка аз Федерасияи Руссия фиристода шуда буданд, дар шароити ноҳияи Ҷиргатол омўхта баромаданд (1984).
Вале бояд қайд намуд, ки ба ин олимон бо сабаҳои гуногун муяссар нагашт, ки ягон навъи нави картошкаро ба даст оварда, дар истеҳсолот ҷорӣ намоянд. Яке аз сабабҳои ба даст наовардани навъҳои нави картошка дар шароити ҷумҳурӣ ин набудани зарурияти истеҳсолӣ буд, чунки дар он солҳо аз дигар ҷумҳурияҳои собиқ Шўравӣ тухмии навъҳои серҳосили Лорх, Гатчинский, Невский, Берлихинген ва дигарҳо ворид гашта, дар шароити истеҳсолот ҳосили баланд медоданд. Бинобар ин ба масъалаи навъбарорӣ ва тухмипарварии картошка аҳамияти зарурии илмию амалӣ кам дода мешуд.
Дар институти тадқиқотӣ-илмии бағу ток ва сабзавотпарварии ҷумҳуриявӣ (баъдтар ин институт ба Иттиҳодияи илмию истеҳсолӣ (ИИИ) «Боғпарвар» табдил дода шуд) корҳои илмиро доир ба картошка аз солҳои 1970 бурда мешуданд. Олимони институт дар муддати солҳои 1980 – 2000 -ум дар шароити ноҳияҳои Ҷиргатол ва Мўъминобод (В.В.Кушнарева, Қ. Партоев), Ғончӣ, Айнӣ ва Тавилдара (Б.Каримов), Файзобод (М.Назаров), Панҷакент (М.Сайфов) ва дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон корҳои омўхтани навъҳо ва намудҳои гуногуни картошкаро пеш мебурданд. Дар ИИИ «Боғпарвар» соли 1988 аввалин маротиба шўъбаи картошкапарварӣ таъсис дода шуд. Дар як муддати кўтоҳ ба олимони ин шўъбаи навтаъсис муяссар гашт, ки ба дастгирии олимони Институти умумишўравии растанипарварии шаҳри Ленинград(ВИР), Институти картошкапарварии шаҳри Маскав ва дигар олимони хориҷӣ коллексияи бештар аз 300 номгуи навъу намудҳои картошкаро ҷамъ оварда, дар шароити минтақаҳои баладкўҳи ноҳияҳои Ҷиргатол, Ғончӣ, Панҷакент, Мўъминобод, Файзобод, Айнӣ, Тавилдара ва ғайраҳо омўзанд. Дар таъсис додани шўъбаи картошкапарварӣ ва ҷоннок намудани корҳои илмӣ дар соҳаи картошкапарварӣ саҳми роҳбарону олимони варзида ба монанди Б. С. Сангинов, У.Э. Эшонқулов, В. В. Триппель, М. Қ.
Қосимов, Қ.Р. Раҷабов, М.С. Султонов, Ю.С. Носиров, Қ.А. Алиев, Т. А. Ахмедов, Б.К. Каримов, Қ. Партоев, М. Назаров, Ю.Сайфов, М. Сулангов, Қ. Меликов ва дигарон хело калон аст.
Дар корҳои селексионӣ чунин хосияти навъҳои картошка ба монанди ғурабандӣ ва тухмдиҳӣ омилҳои ҳалкунанда ба шумор мераванд. Олимони ИИИ «Боғпарвар» дар муддати солҳои 1984 – 2004м-ум корҳои навъбарориро дар шароити гармхона (дар водии Ҳисор) ва дар шароити ҳавои кушоди як чанд ноҳияҳои кўҳистон ба роҳ монданд. Дар ин муддат ба онҳо муяссар гардид, ки дараҷаи мевабандӣ (ғурабандии) навъҳои гуногунро дар ноҳияҳои Ҷиргатол, Файзобод, Ғончӣ, Мўъминобод, Панҷакент, Рашт ва ғайраҳо омўхта, ба хулоса омаданд, ки аксарияти навъҳои картошка дар шароитаи кўҳистони ҷумҳуриамон нағз гул карда, мева мебанданд. Тухмии генеративии бисёр навъҳои картошка ҷамъоварӣ карда шуда, барои афзун намудан ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок намуда, омўхта шуданд. Дар натиҷаи корҳои илмиро ҷонок намудани олимону мутахассисони шўъбаи картошкапарварӣ ба онҳо муяссар гашт, ки бо усули ба даст овардани тухмҳо ва интихоби сунъӣ аз навъҳои гуногуни картошка линияҳои нави картошкаро ба даст оваранд. Масалан, аз навъи Монолиза бо ин усул навъи нави картошка Зарина ба даст оварда шуд ва ин навъ аввалин навъи ба даст овардаи олимони тоҷик дар мамлакат ба шумор меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё