АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Албатта, лўндаҳои чунин навъҳо ба шароити нигоҳдорӣ сердошт ба шумор рафта, ба хусусияти генетикӣ (ҷинсии) ин навъҳо вобастагӣ дорад. Дар баробари ин майсаи лўндаҳои аксари навъҳо дар вақти нигоҳдорӣ тез сабзида, боиси сарфи қувваи сабзиши онҳо ва паст гаштани сифати тухмии лўндаҳо мегардад. Аз ин сабаб сердоштии лўндаҳо дар вақти нигоҳдорӣ хусусияти зарурӣ ба шумор рафта, дар шароити истеҳсолот интихоби чунин навъҳои сердошт аҳамияти калон дорад. Сердоштии лўндаҳо ба давомнокии давраи оромии муғчаҳои чашмакҳои лўндаҳо вобастагӣ дорад. Махсусун, дар шароити ноҳияҳои баландкўҳ, ки давраи нигоҳдории лўндаҳо хело давомнок аст. Дар ин манотиқ афзоиш додани навъҳое, ки давраи оромии чашмакҳо давомнок аст, аз аҳамият холӣ нест. Вале дар шароити водӣ бошад навъҳое, ки давраи оромиашон кўтоҳ аст баръакс ба мақсад мувофиқ мебошад, чунки дар ин чойҳо кишти картошкаро барвақтар гузаронидан лозим аст. Инчунин навъҳои майсаи лўндаҳояшон тез месабзидагӣ дар шароити водӣ метавонад, ки дар кишти такрории ҳосили нав, ки одатан дар фасли тобистон гузаронида мешавад ба хоҷагиҳо ёрии калон расонад. Чунки дар ин вақт дарёфт намудани тухмӣ мушкил аст. Ҳоло олимони ҷумҳурӣ барои ба даст овардани чунин навъҳои лўндаҳояшон дорои давраи кўтоҳи оромӣ корҳои илмиро давом дода истодаанд.
Сифати молии лўндаҳо. Ин нишонаи генетикӣ (ҷинсӣ) буда, асосан аз моддаҳои хушки лўндаҳо вобаста аст. Мувофиқи маълумотҳои ҷойдоштаи Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (Faostat, 2010), дар дунё 52 фоизи ҳосили картошка барои ғизои одамон, 34 фоиз барои хўроки ҳайвонот, 10 фоиз барои тухмӣ ва қариб 4 фоиз барои истеҳсоли крахмал ва спирт сарф мегардад. Пеш аз ҳама лўндаҳое, ки барои ғизои одамон истифода мегарданд, бояд вазну ҳаҷми миёна дошта, суфта бошанд ва чашмакҳояшон на он қадар чуқур ҷойгир бошанд. Лўндаҳо набояд захмҳои берунӣ ва дарунӣ дошта бошанд ва дар вақти буридани онҳо, ҷои буридагашта, набояд сиёҳ гардад. Баъди пўхтан бояд маззаи хуштаъм дошта бошанд. Навъҳое, ки барои хўроки чорво ва истеҳсоли крахмал истеҳсол карда мешаванд, бояд дар таркиби лўндаҳояшон крахмал ва қанди зиёд дошта бошанд.
Моддаҳои ғизоӣ. Дар лўндаҳои картошка миқдори моддаҳои ғизоӣ аз намуди навъҳо ва шароити парвариши онҳо вобаста аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё